Вазири хориҷаи Покистон: Ҳеҷ барномаи барои барасмият шинохтани режими саҳюнистӣ надорем
-
Вазири хориҷаи Покистон: Ҳеҷ барномаи барои барасмият шинохтани режими саҳюнистӣ надорем
Порс тудей- Муовини нахуствазир ва вазири хориҷаи Покистон бо таҷдиди таъаҳуди кишвараш дар ҳимоят аз ташкили кишвари мустақили Фаластин ва мухолифат бо ишғолгарии режими номашруи саҳюнистӣ гуфт, ки Исломобод ҳеҷ барномаи барои ба расмият шинохтани режими саҳюнистӣ надорад.
Сенатор Муҳаммад Исҳоқдор дар нишасти матбуъоти дар Ню-Йорк пас аз конфронси байнлмиалии Фаластин дар Созмони Милал афзуд: Сиёсати мо дар бораи Фаластин равшан аст мо мухолифи ишғолгарии режими манҳуси саҳюнистӣ ҳастем ва аз ташкили кишвари мустақили Фаластин ҳимоят мекунем вай ҳамчунин хостори эътои узвияти доим ба кишвари Фаластин дар Созмони Милал шуд.
Вазири хориҷаи Покистон пайромуни тарҳи созиш бо режими саҳюнистӣ таҳти мудирияти Амрико низ ба сароҳат эълом кард, ки Исломобод ҳеҷ барномаи барои барасмият шинохтани режими саҳюнистӣ надорад вай пеш аз ин дар суханрони дар конфронси байналмилалии Фаластин дар мақари Созмони Милал бо таъкид бар ин ки ишғоли сарзаминҳои Фаластин бояд поён ёбад гуфт: Акнун замони он фаро расида аст, ки озоди ҳақи таъини сарнавишт ва таъсиси як кишвари мустақили фаластинӣ муҳақақ шавад.