Исроил тамоми дипломатҳои худро аз Иморот хориҷ кард
Порс-Тудей. Як расонаи саҳюнистӣ ҷумъа фош кард, ки ба иллати таҳдидҳои амниятӣ, сафорати режими Исроил дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ тахлия шудааст.
Шабакаи 12 телевизиони режими саҳюнистӣ эълом кард, ки Исроил дар панҷшанбешаб тамоми тимҳои дипломатӣ ва идории худро аз Иморот тахлия карда ва ин иқдом шомили коркунони намояндагиҳои расмӣ, аз ҷумла ҳайатҳои мазҳабӣ мешавад.
Ин гузориш иддао кард, ки далели ин тахлия ҳушдорҳое мабнӣ бар эҳтимоли анҷоми амалиётҳое алайҳи атбои исроилӣ дар Иморот будааст. Ҳамзамон гуруҳе аз сокинони пойтахти Ҷопон дар эътироз ба азсаргирии ҳамалоти ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ алайҳи фаластиниёни бедифои Ғазза, дар муқобили сафорати ин режим дар Токио иҷтимоъ карда ва бо сар додани шиорҳое хостори таваққуфи ин ҳамалот ва барқарории муҷаддади оташбас дар Ғазза шуданд.