Эътирози мақомоти Тел Авив нисбат ба вазъияти вахими Исроил дар ҷаҳон
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i121330
Порс Тудей - Ҷамъе аз масъулони вазорати хориҷаи режими саҳюнистӣ рӯзи якшанбе эътирози худро нисбат ба вазъияти вахими расонаии ин режим дар саҳнаи ҷаҳонӣ эълом карданд.
(last modified 2025-08-04T06:22:51+00:00 )
Август 04, 2025 08:51 Asia/Dushanbe
  • Эътирози мақомоти Тел Авив нисбат ба вазъияти вахими Исроил дар ҷаҳон

Порс Тудей - Ҷамъе аз масъулони вазорати хориҷаи режими саҳюнистӣ рӯзи якшанбе эътирози худро нисбат ба вазъияти вахими расонаии ин режим дар саҳнаи ҷаҳонӣ эълом карданд.

Рӯзномаи саҳюнистии Yedioth Ahronoth, дар гузорише ба нақл аз масъулони вазорати хориҷаи режими саҳюнистӣ, навишт: Вазъияти расонаҳо (режим)-и Исроил дар саҳнаи байналмилалӣ токунӯн ба ин бадӣ набудааст. Ин масъулон изофа карданд: Мо аз назари сиёсӣ ба таври комил дар расонаҳо ғоиб ҳастем ва (режим)-и Исроил ҳеҷ садои расонаӣ надорад ва ҳама алайҳи мо ҳастанд. Ин масъулони исроилӣ ҳамчунин гуфтанд: Акнун эҳсос мешавад, ки сафоратҳои Исроил дар баробари ин вазъияти вахими расонаӣ таслим шудаанд. Пештар, Амос Ядлин, раиси собиқи иттилооти низомии артиши режими саҳюнистӣ (Омон), дар изҳороте бо ишора ба инки ҳамакнӯн усарои исроилӣ ҳамчунон дар Ғазза ҳастанд, таъкид кард, ки дар ҳоли ҳозир машруъияти байналмилалии Исроил дар поинтарин ҳадди худ қарор дорад.