Лула да Силва: Бразилия таслими фишорҳои сиёсии Трамп нахоҳад шуд
Порс Тудей - Раисиҷумҳури Бразилия дар изҳороте бо баёни инки танҳо дар сурати бархӯрдорӣ аз шароити баробар ҳозир ба музокироти тиҷорӣ бо Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико аст, таъкид кард, ки таслими фишорҳои сиёсии Трамп нахоҳад шуд.
Луис Инасиу да Силва дар ҷараёни суханронӣ дар Ҳизби ҳокими чапгарои «коргарон» дар пойтахти Бразилия гуфт, мо мехоҳем музокира кунем, аммо ин музокира бояд бо шароити баробар анҷом шавад. Раисиҷумҳури Бразилия ҳамчунин бо баёни инки мо аз ширкатҳо ва коргарони худ дифо хоҳем кард, хитоб ба Трамп гуфт: Агар омода музокира ҳастед, пешниҳодоти Бразилия рӯи миз аст. Раисиҷумҳури Бразилия дар ҳоле ин изҳоротро баён карда, ки Трамп рӯзи ҷумъа гуфта буд, ки раисиҷумҳури Бразилия метавонад бо ӯ тамос бигирад. Трамп моҳи гузаштаи милодӣ (июл), Бразилияро дар маркази ҷанги тиҷории ҷаҳонии худ қарор дод ва таҳдид кард, ки агар Бразилия ба муҳокимаи худ алайҳи Жаир Болсонару, раисиҷумҳури собиқи ростгарои Бразилия, ки ба талош барои ибтоли натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурии 2022 муттаҳам шуда поён надиҳад, тарофаи 50 дарсадӣ бар колоҳои содиротии Бразилия ба Амрико эъмол хоҳад кард.