Дурахшиши тими олимпиадаи зеҳни сунъии Эрон дар рақобатҳои ҷаҳонии Чин
Август 08, 2025 20:53 Asia/Dushanbe
Порс Тудей – Тими миллии зеҳни сунъии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дуввумин Олимпиадаи ҷаҳонии зеҳни сунъӣ, ки соли 2025 дар Чин баргузор шуд, ду медали нуқра ва ду медали биринҷӣ ба даст овард.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, дар ин давраи мусобиқаҳо, ки бо мизбонии Чин баргузор гардид, Алӣ Шоён ва Ораш Юсуфнажод медали нуқра, Родин Раҳмонии Навдеҳӣ ва Порсо Гулистонӣ медали биринҷӣ гирифтанд.
Олимпиадаи ҷаҳонии зеҳни сунъӣ, яке аз бонуфузтарин рақобатҳои илмии байналмилалӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва омузиши мошинӣ мебошад, ки бо ҳузури барҷастатарин донишпажуҳони ҷаҳон баргузор мешавад.