Дурахшиши тими олимпиадаи зеҳни сунъии Эрон дар рақобатҳои ҷаҳонии Чин
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i121406-Дурахшиши_тими_олимпиадаи_зеҳни_сунъии_Эрон_дар_рақобатҳои_ҷаҳонии_Чин
Порс Тудей – Тими миллии зеҳни сунъии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дуввумин Олимпиадаи ҷаҳонии зеҳни сунъӣ, ки соли 2025 дар Чин баргузор шуд, ду медали нуқра ва ду медали биринҷӣ ба даст овард.
(last modified 2025-08-08T15:55:29+00:00 )
Август 08, 2025 20:53 Asia/Dushanbe
  • Дурахшиши тими олимпиадаи зеҳни сунъии Эрон дар рақобатҳои ҷаҳонии Чин

Порс Тудей – Тими миллии зеҳни сунъии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дуввумин Олимпиадаи ҷаҳонии зеҳни сунъӣ, ки соли 2025 дар Чин баргузор шуд, ду медали нуқра ва ду медали биринҷӣ ба даст овард.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, дар ин давраи мусобиқаҳо, ки бо мизбонии Чин баргузор гардид, Алӣ Шоён ва Ораш Юсуфнажод медали нуқра, Родин Раҳмонии Навдеҳӣ ва Порсо Гулистонӣ медали биринҷӣ гирифтанд.

Олимпиадаи ҷаҳонии зеҳни сунъӣ, яке аз бонуфузтарин рақобатҳои илмии байналмилалӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва омузиши мошинӣ мебошад, ки бо ҳузури барҷастатарин донишпажуҳони ҷаҳон баргузор мешавад.