Покистон: Эрон омили муҳими сулҳ ва субот дар минтақа аст
Порс Тудей – Сухангуи Вазорати корҳои хориҷии Покистон гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамсояи муҳим ва омили асосӣ барои сулҳ ва суботи пойдор дар минтақа аст.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ИРНА, Шафқат Алӣ Хон, сухангуи Вазорати корҳои хориҷии Покистон дар нишасти ҳафтаинаи худ бо хабарнигорон ба сафари ахири Масъуд Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон ба он кишвар ишора карда, афзуд: Эрон ва Покистон дар бахшҳои тиҷоратӣ, фарҳангӣ, марзӣ ва иртибототи мардумӣ равобити ғанӣ доранд ва ин нишондиҳандаи бародарона будани муомилоти ду кишвар аст.
Сухангуи Вазорати корҳои хориҷии Покистон дар бораи шиддат гирифтани таҷовузгарии режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Ғазза низ таъкид кард, ки мавқеи Покистон зидди Исроил усулӣ ва равшан аст ва Исломобод ҳеҷ гоҳ Исроилро ба расмият намешиносад.