Вокуниши Эрон ба тавофуқ миёни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон
Порс Тудей – Вазорати корҳои хориҷии Эрон рӯзи шанбе дар баёнияе дар бораи таҳаввулоти минтақаи Қафқоз эълом кард: Эҷоди роҳҳои иртиботӣ ва бартараф кардани масдудияти шабакаҳои нақлиётӣ замоне ба хидмати субот, амният ва рушди иқтисодии миллатҳои минтақа хоҳад буд, ки дар чорчӯби манфиатҳои муштарак, эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии кишварҳои минтақа ва бидуни мудохилаҳои хориҷӣ бошад.
Дар пайи таҳаввулоти минтақаи Қафқоз ва тавофуқи шаби ҷумъа миёни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон бо миёнҷигарии Амрико, Вазорати корҳои хориҷии Эрон дар баёнияе эълом кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон бо диққат равандҳои ҷорӣ дар минтақаи Қафқози Ҷанубиро пайгирӣ мекунад ва бо ҳар ду кишвари ҳамсоя дар бораи ин таҳаввулот дар иртибот аст. Дастгоҳи дипломатии Эрон афзуд: Бидуни шак, сулҳ ва субот дар минтақаи Қафқоз ба нафъи ҳамаи кишварҳои минтақа аст ва Ҷумҳурии Исломӣ бо истиқбол аз ниҳоӣ шудани матни тавофуқи сулҳ аз сӯи Ереван ва Боку, ин таҳаввулро қадами муҳим дар таҳаққуқи сулҳи пойдор дар минтақа арзёбӣ мекунад. Ҳамзамон нигаронии худро аз паёмадҳои манфии ҳар гуна мудохилаи хориҷӣ ба ҳар шева ва шакл, ба вижа дар канори марзҳои муштарак, ки халали амният ва суботи пойдори минтақаро ба бор оварад, изҳор медорад.
Вазорати корҳои хориҷии Эрон ҳамчунин таъкид кардааст, ки Ҷумҳурии исломӣ дар баробари таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои миллии худ, омодаи идомаи ҳамкориҳои созанда ва бар асоси манфиатҳои муштарак бо ҳар ду кишвар барои ҳифзи сулҳ, субот ва рушди иқтисодии минтақа тавассути ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақаӣ, мисли созу кори 3+3 мебошад.