Саймара , “Помпей- и махфи”- и Эрон, ки панҷарае ба дунёии бостон мекушояд
-
Саймара, “Помпей- и махфи”- и Эрон
Порс-Тудей. “Саймара” , ки замоне “Mадакту” ном дошт , решаҳои иломӣ ва шукуҳи шаҳрии Cосониро ба намоиш мегузорад , бо кохҳо, маъобид (ибодатгоҳҳо) , коргоҳҳо ва масҷидҳои ибтидоии исломӣ, ки ба хӯбӣ ҳифз шудаанд .
Шаҳри бостонии “Саймара”, ки ағлаб ба унвон « Помпей * - и (Pompeii) махфии Эрон » шинохта мешавад , дар устони Илом (дар ғарби Эрон) қарор дораду намӯнаи барҷаста аз барномарезии шаҳрии пешрафтаи даврон Cосонӣ аст, ки дар кохҳо , ҳаммомҳоу оташкадаҳои он дида мешавад .
Ба гузориши Порс-Тудей, ба нақл аз PressTV, ин шаҳр дар доманаҳои риштакӯҳи Зогрус ва дар каронаи ҷанубии рӯдхонаи “Саймара” воқеъ шудау хутути фарсудаи он, ҳануз шакли куллии шаҳрро нишон медиҳанд .

“Саймара” дар даврони бостон бо номи “Mадакту” шинохта мешуд, ин вайронаи густарда, замоне, маркази шаҳри пурравнақу қалби фарҳангӣ ва иқтисодии минтақа буд . Имрӯз , зери сангҳояш , ҳануз достонҳои Иломён , Cосониён ва ҷаҳони ибтидоии Ислом наҷво мешавад . “Саймара” дар ҷануби шарқии шаҳри модерни “Даррашаҳр” қарор дораду тавассути қуллаҳои баланди “Kабиркуҳ” иҳота шудааст .

Бостоншиносон тахмин мезананд, ки дар авҷи худ, ин шаҳр байни 142 то 200 гектарро ишғол мекард ва бузургтарин макони бостоншиносӣ дар вилояти Илом ба шумор меравад . Ҷойгиршавии ҷуғрофии он дар чорроҳаи гузаргоҳҳои кӯҳистонӣ ва дарраҳои рӯдхонае , ба он аҳамияти стратегӣ ва тиҷории вижае дода буд .
Аз “Mадакту” то “Саймара”
Дар қарни ҳафтуми пеш аз Mелод , ин шаҳри тавассути артишҳои ошӯрӣ фатҳ шуд , деворҳояш тахрибу хиёбонҳояш холӣ монад . Аммо достони шаҳр ба ӣнҷо хатм нашуд . Қарнҳо баъд , дар даврони Cосонӣ, бозсозӣ шуд ва номаш аз “Mадакту” ба “Саймара” тағйир ёфт . Шаҳри нав, рамзи шукуфоии Императорӣ (Империя) буд: Кӯчаҳои васеъ бо бозорҳо, биноҳои зебо бо гачбуриҳои устодонау барномарезии шаҳрии пешрафта, аз ҷумла каналҳои об ва системаи канализатсияи ибтидоӣ.
Зилзилае, ки як давраро поён дод
Сарнавишти “Саймара”, ногаҳон дар миёнаи қарни даҳуми милодӣ ба поён расед . Далелҳои таърихӣ ва геологӣ аз заминларзаи шадид дар соли 334 ҳиҷрӣ (945 милодӣ) шаҳодат медиҳанд, ки қисмати зиёди шаҳрро ба харобазор табдил додааст.

Далелҳои бостоншиносӣ нишон медиҳад, ки бахше аз ҷамъияти шаҳр, эҳтимолан пеш аз вуқуъи зилзила , ба далоили иқтисодӣ ё сиёсӣ, ки шояд ҳаргиз ба таври комили дарнаёбим , шаҳрро тарк карда буданд .
Ин шаҳр ба далели нобӯдии ногаҳонӣ ва ҳифзи шигифтангези худ , ба “Помпей- и махфи”- и Эрон шӯҳрат ёфт . Ҳамонанд шаҳри рӯмии “Помпей”, ки зери хокистари оташфишон дафн шуд , “Саймара” низ пас аз зилзила, вайрону раҳо шуда буд . Вайронаҳои он, ки қарнҳо зери лояҳои хок боқии монда , хиёбонҳо , сохтимонҳоу объектҳои таърихӣ ба хӯбӣ ҳифз кардаанд, ки имрӯзи “Саймара” ба хотири онҳо шинохта мешавад .
Ковуши гузашта
Аз авоили қарни бистум , “Саймара” тавваҷуҳи ковушгарону бостоншиносонро ба худ ҷалб кардааст . Шахсиятҳое монанди Henry Rawlinson , Jacques de Morgan ва ҳайати бостоншиносии Holmes, бардоштҳои худ аз ин маҷмӯъаи бостониро сабт карданду ковушҳои модерни ганҷинаҳои пинҳони онро ошкор сохтаанд . Ковушҳои монанди нахустин масоҷиди Эрон , бақоёии иқоматгоҳи як ашрофзода , коргоҳҳои суфолгарӣ ва шишасозӣ , тадобири муқобила бо сайлоб (обхезй) ва намӯнаҳои барҷастае аз гачибурии сосонӣ ва исломии аввалия .

Ҳар кашф, риштаи дигар ба тори таърихии печидаи шаҳр меафзоед. Аз ҷаззобтарин ёфтаҳо , таъсисоти санъатии шаҳр аст . Кӯраҳои суфолу шишасозӣ нишон медиҳанд, ки “Саймара” на танҳо як маркази сиёсӣ балки қутби саноеъи дастӣ ва тиҷорат буда аст . Печидагии ин коргоҳҳо нишон аз иртиботи амиқи шаҳр бо тиҷорати минтақае ва шояд ҳатто байналмилалӣ дорад .
“Саймара” ва мироси ҷаҳонӣ
“Саймара” дар соли 1931 яке аз нахустин маконҳои бостоншиносӣ (археологӣ) буд, ки дар феҳристи Mироси миллӣ сабт гардид . Беш аз 150 асари сабт шуда дар атрофи “Даррашаҳр” вуҷӯд дорад , аз пули “Гавмишони Сосонй” то “оташкадаи чаҳаортоқии Cурхобод” . Барои гардишгарон , “Саймара” таҷрибаи нодир аст : қадам задан дар устихонҳои шаҳрӣ, ки як ҳазора сукут кардааст . Ҳамчунин обшорҳое монанди “Marbera” ва тангаҳои дӣданӣ, монанди “Баҳроми чубин” , тасвирии комил аз ҷоеро ба намоиш мегузоранд, ки таъриху табиат дар ҳам танидаанд .
*Харобаҳои “Помпей” дар наздикии шаҳри Неапол, як коммуна дар минтақаи Кампанияи Италия ҷойгир аст. Дар онҳо боқимондаҳои биноҳо ва мардуми шаҳр ва минтақаи бостонии “Помпей “ мавҷуданд, ки дар натиҷаи фаварони оташфишони кӯҳи Везувий хароб шудаанд. "Помпей", дар баробари Геркуланум ва бисёр дигар шаҳракҳои ин минтақа, дар натиҷаи оташфишонии вулқон дар соли 79-и мелодӣ асосан дар харобаҳои зери 4 то 6 метр (13 то 20 фут) хокистар ва хок дафн карда шуданд.