“Қалъаи Валӣ” , шоҳкорӣ безамон аз таъриху ҳунар дар устони Иломи Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i121360
Порс-Тудей.  "Қалъаи Валӣ", ки замоне, иқоматгоҳи ҳокими Пушткуҳ буд ва акнӯн музеи Mардумшиносии устон Илом аст , яке аз ганҷинаҳои таърихии ҷаззоби ин устони Эрон ба шумор меравад .
(last modified 2025-08-05T05:44:43+00:00 )
Август 05, 2025 09:11 Asia/Dushanbe
  • “Қалъаи Валӣ” , шоҳкорӣ безамон аз таъриху ҳунар дар устони Иломи Эрон
    “Қалъаи Валӣ” , шоҳкорӣ безамон аз таъриху ҳунар дар устони Иломи Эрон

Порс-Тудей.  "Қалъаи Валӣ", ки замоне, иқоматгоҳи ҳокими Пушткуҳ буд ва акнӯн музеи Mардумшиносии устон Илом аст , яке аз ганҷинаҳои таърихии ҷаззоби ин устони Эрон ба шумор меравад .

“Қалъаи Валӣ” дар замони ҷанги таҳмилии ҳашт сола (и- режими Баъси Ироқ бар зидди Эрон), ки аз соли 1980 шурӯ шуд , осеб ҷузъӣ дид . Дар соли 1997 ба унвони асари миллӣ сабт шуду ҳоло беш аз як бинои меъмории сода , як намоди зинда фарҳангӣ аст .

Ба гузориши Порс-Тудей, ба нақл аз PressTV, ин қалъа дар қалби шаҳри Илом,  (ки дар ғарби Эрон ва дар доманаи кӯҳҳои баланди Зогрус қарор дорад) , воқеъ шудау таркибе аз зебои меъмории давраи Қоҷору фарҳанг минтақа аст .

"Қалъаи Валӣ" дар соли 1908 ба дастури Ғуломризохони Валӣ , фармондори қудратманди Пушткуҳ дар авохири давраи Қоҷор сохта шуд . Ин қалъа ибтидо рӯйи теппае ба номи Чога Мирак бино шуда буду тавассути меъмор, Ҳоҷӣ Дарвеш Aлӣ аз Кирмоншоҳу устоди сангтарош, Ризо Қулӣ сохта шуд .

Бо бузургтар шудани шаҳр , замини атрофи қалъа соф шуду ҳоло қалъа дар маркази Илом қарор дорад . Масоҳати кули қалъа тақрибан 4700 метри мураббаъ аст ва бахши сохта шудаи он 1466 метри мураббаъ аст, ки атрофи як ҳаёти марказии 700 метре  қарор гирифта . Ин қалъа ҳам як маркази идорӣ буд ва ҳам намоде аз ҷойгоҳу қудрат .

Меъморӣ

Меъмории “Қалъаи Валӣ” нишондиҳандаи салиқау таркибе аз короӣ ва зебоии давраи Қоҷор аст . Тарҳи қалъа мутақорин аст, ва беш аз 20 утоқи бузург , 5 утоқи кучак , 4 айвон ва 2 тирос дар самти ҷануб дорад, ки дар ду боли шарқӣ ва ғарбӣ ба шакли қарина қарори гирифтаанд . Ихтилофи иртифоъи ҳудуди 80 сантиметри байни утоқҳоу ҳаёт боис шуда фазои чандлоа ва ҷаззобе эҷод шавад .

“Қалъаи Валӣ”, устони Иломи Эрон

Дар гӯшаҳои шимолии қалъа ду бурҷ дидабонии нимдоира вуҷӯд дорад, ки рӯзе нигаҳбонҳо дар он мустақар буданд . Ҳамчунин се роҳпилаи морпеч ба пушти бом мерасаду сақфҳо ба шаклҳои мухталифи суннатӣ монанди гунбад , сақфи софу тоқҳои нӯктез сохта шудаанд . Ин вижагиҳо таркибе аз меъмории эронӣ ва аврупое ( ба вижа Рӯмӣ )- ро нишон медиҳад, ки мушаххасаи меъмории Қоҷор аст .

Тазъинот (Ороишҳо)

Намои берӯнии қалъа як асари ҳунарӣ аст; Хишти росткунҷаи дастӣ нақшҳои мураккаби геометриро ба вуҷуд меорад, панҷараҳои қавсдору шишаҳои рангӣ ва сутунҳои мунаббаткорӣ (кандакорӣ) шуда, зебои онро такмил мекунанд . Дар ҳавлии марказӣ як ҳавз  вуҷӯд дорад, ки намой хишти (оҷурии) қалъаро мунъакис мекунаду атрофи он дарахтони сарву коҷ қади барафроштаанд .

Дохили қалъа , толори пазироӣ ё шоҳнишин бо нақши барҷастаҳои гачӣ аз гулу барг ва оинакориҳои зарифи тазйин шуда, ки ҳануз дар боли ғарбӣ қобили мушоҳида аст . Тирезаҳои “урсӣ” (панҷарҳои чӯбӣ бо шишаи рангӣ) нури хуршедро ба рангҳои мухталиф пахш мекунанду фазойи гарму бошукӯҳ ба вуҷӯд меоваранд .

Таъмини оби ҳӯшмандона (интеллектуалӣ)

Яке аз вижагиҳои амалӣ ва ҷолиби қалъа , системаи таъмени оби он буд . Чашмаи "Бӣбӣ", ки наздики қалъа буд , оби тозаро аз тариқи лӯлаҳои гилин, ба ҳаёт) ҳавлӣ)-и марказӣ мунтақил мекард . Агарчӣ акнӯн ин чашма хушк шуда , аммо ин система, гувоҳе бар ҳӯшмандии муҳандисии Қоҷор аст .

Кашфи Эрон : тангаи Kофарӣ , ҷавоҳири пинҳон дар кӯҳҳои Зогруси Илом
Тангаи Kофарӣ , дарраи бошукӯҳ дар устони Илом дар ғарби Эрон аст, ки ба хотири танаввуъи зистӣ (гуногунии биологӣ) , таъриху меъмориаш шинохта шудау фурсати беназир барои фирор ба дили табиати бикру шигифтангез фароҳам мекунад.

 

Аз қалъа то музе

“Қалъаи Валӣ” пас аз даврони сахти ҷанги таҳмилии ҳашт сола (и- режими Баъси Ироқ бар зидди Эрон) , дар авохири даҳаи  1981 бо бозсозии васеъи Cозмони Mироси фарҳангӣ ҳифз ва бозсозӣ шуд . Дар соли 2006, қалъа ба музеи Mардумшиносии Илом табдил шуд . Имрӯза дар ин музе , одобу русуми гуногуни ақвоми  Илом монанди Kурдҳо , Лурҳо , Лакҳоу Aрабҳо ба намоиш гузошта мешавад.

Намоишҳо шомили либосҳои маҳаллӣ , русуми арӯсӣ , чодарҳои сиёҳ , саноеъи дастӣ мисли гилӣм ва намадмолӣ (Килим ва хис кард) ва абзорҳои зиндагии рӯзмарра аст, ки фарҳанги минтақаро зинда нигаҳ медорад . Бо табдили ин иқоматгоҳи давраи Қоҷор ба музейи аз суннатҳои зинда, Илом пули пӯёии байни гузаштау ҳоли сохта аст.

Як намоди фарҳангӣ

“Қалъаи Валӣ” фаротар аз як асари меъморӣ аст, ва як намоди фарҳангии зинда аст . Дар "Наврӯз", ҳаёт  (ҳавлӣ)-и он бо намоишҳои фарҳангӣ , ҷашнҳои ғизо ва бозорҳои саноеъи дастии ҷон мегираду боздӣдкунандагони зиёдиро аз саросари кишвар ҷазб мекунад .

Ин қалъа бо таркиби зарофати Қоҷор , бозсозии дақиқу нақши фарҳангиаш , яке аз муҳимтарин ҷозибаҳои Илом аст . "Қалъаи Валӣ" на фақат биное аз сангу муллоат , балки бахши зиндае аз рӯҳи Илом аст, ки гувоҳе бар қудрати сиёсӣ , фарҳанги печидау истиқомати мироси ин минтақа аст .