Ҳурмузгон, хонаи охирин линҷсозони Халиҷи Форс
Порс Тудей - Дар имтидоди савоҳили зебои Халиҷи Форс дар устони Ҳурмузгон дар ҷануби Эрон, ҳануз санъатгароне ҳастанд, ки линҷ(биржа)-ҳои чӯбиро бо даст месозанду суннати дарёиро зинда нигаҳ медоранд, ки қарнҳо пайванддиҳандаи ҷавомеъи соҳилӣ бо дарё будааст.
Дар миёни насими шӯру намаке, ки бар ҷанӯбитарин савоҳили Эрон мевазад, ҳануз садои муназзами бархӯрди табар бо чӯб дар рӯстоҳои парокандаи соҳилӣ ба гӯш мерасад.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз Пресс Тв, дар инҷо, дарё барои наслҳо шаклдиҳандаи зиндагии мардум будааст ва аз дили ҳамин ҷазр ва мадҳо, «линҷ» падид омад — шиновари чӯбии бодбонӣ, ки замоне дар саросари Халиҷи Форси ҳузуре фарогир дошт.
Имрӯза ин қойиқҳо камёб шудаанд, аммо хотираи сохту ҳидояти онҳо ҳануз дар зеҳни устодкорони солхурдае, ки бо даст онҳоро сохтаанд, зиндааст.
Ин суннатҳо дар соли 2011 тавассути ЮНЕСКО ба расмият шинохта шуданд, замоне, ки маҳоратҳои суннатии сохту дарёнавардӣ бо линҷи эронӣ дар Халиҷи Форс дар феҳристи мероси фарҳангии номалмӯс ниёзманди ҳифозати фаврӣ сабт шуд.
Соҳили Ҳурмузгон, ки аз Бандар Аббос то ҷазоири Қишм ва Ҳурмуз имтидод дорад — таркибе аз рӯстоҳои офтобхӯрда, нахлистонҳо ва обҳои фирӯзаӣ аст. Дар маконҳое монанди лофату Канг, қарнҳо зиндагии дарёӣ дар хонаҳои сангиии куҳна ва коргоҳҳои содаи қоиқсозӣ, ки дар онҳо линҷҳо ҳамчун мавҷӯдоте зинда парвариш меёбанд, нақш бастааст.
Ҷазираи Қишм, бузургтарин ҷазираи Халиҷи Форс, бар масирҳои дарёии бостонӣ қарор дорад, ки шибҳи ҷазираи Арабистонро ба шибҳи қораи Ҳинд муттасил мекарданд.
Дар бахши бузурге аз таърихи сабт шудаи Эрон, дарёнавардон, бозаргонону моҳигирон дар ин минтақа зиндагии худро бо тасаллут бар бод, обу чӯб бино карданд.
Шиноваре аз чӯб ва ҳунар
Линҷ як шиновари бодбонии суннатӣ аст, бо баданае кашида ва дакалҳое баланд, ки замоне бар обҳои Халиҷи Форс тасаллут дошт.
Ин шиноварҳо комилан бо даст сохта мешаванд, бидуни истифода аз нақшаҳои расмӣ ё абзорҳои мошинӣ. Ҳар линҷ натиҷаи донише аст, ки аз тариқи шогирде наздику омӯзиши шифоҳӣ аз насле ба насли дигар мунтақил шудааст.
Созандагони линҷ, ки дар маҳалле «глоф» номида мешаванд, бо мушоҳидаи устодон, ҳифз кардани таносубҳо ва ёдгирии зарофатҳои интихоби чӯб, хамкорӣ ва иттисоли қатаъот маҳорат меёбанд.
Сохти линҷ бо қарор додани кил (сутуни аслии кафи киштӣ) оғоз мешавад, ки мустақиман рӯи шин ё дар коргоҳҳои сода шакл дода мешавад то таъодулу зарфияти ҳамли борро тазмин кунад.
Таҳтаҳо бо ҳарорату бухор хам мешаванд ва дарзҳо бо рузини табиӣ ва алёфи панбаӣ оббандӣ мешаванд то дар баробари оби шӯру хӯрандаи Халиҷи Форс муқовим бошанд.
Ба таври суннатӣ, танҳо теъдоди андаке коргари моҳир рӯи сохти як линҷ кор мекарданду баста ба андоза ва шароит, такмили он мумкин буд моҳҳо ё ҳатто солҳо тӯл бикашад.
Сохти линҷ танҳо як кори фаннӣ набуд, балки бо мусиқӣ, ритму ҳамкории ҷамъӣ ҳамроҳ буд. Коргарон ҳангоми сохт ва ба об андохтани линҷ, овозҳои хосе мехонданд, ки ҳиси ҳамбастагӣ эҷод мекарду донишро аз устод ба шогирд мунтақил мекард.
Барои қарнҳо, линҷҳо бахши ҷудоинопазири зиндагии иқтисодӣ ва фарҳангии ҷавомеъи соҳилии ҷануби Эрон буданд. Онҳо моҳигиронро ба обҳои амиқ мебурданд, ҷое ки моҳӣ тану дигар гӯнаҳо фаровон буд.
Ҳамчунин линҷҳо хурмо, мансуҷот ва колоҳои дигарро ба банодири ҷанӯбии Халиҷи Форс, шарқи Африқо ва шибҳи қораи Ҳинд ҳамл мекарданд.
Бархе аз онҳо дар санъати сайди марворид низ истифода мешуданд — коре сахт, ки ба маҳорат, истиқомату шинохти дақиқи дарё ниёз дошт.
Дарёнавардони линҷ на танҳо ба қудратбаданӣ, балки ба донише амиқ аз бодҳо ва ситорагон муҷаҳҳаз буданд. Пеш аз абзорҳои новбарии модерн, нохудоён бо истифода аз мавқеъияти хуршеду ситорагон мавқеъияти худро таъйин мекарданд.
Онҳо ҳатто аз ранги об, шакли абрҳо ва садои парандагон барои ҳидояти сафарҳои тӯлонӣ истифода мекарданд.
Суннате дар маърази хатар
Бо вуҷӯди аҳамияти торихии линҷ, ин суннат имрӯз бо хатар рӯба рӯ аст. Дар нимаи дувуми қарни бистум, қоиқҳои фоибиргилос ба унвони гузинае арзонтару сареътар ворид шуданд.
Сохту нигаҳдории линҷҳои чӯбӣ пурҳазина шуд, бавижа бо афзоиши қимати чӯбу коҳиши теъдоди устодкорони моҳир.
Коргоҳҳое, ки замоне пур аз садо буданд, акнӯн сокит шудаанд ё танҳо барои таъмири линҷҳои қадимӣ истифода мешаванд.
Ҳамчунин тағйироти иҷтимоӣ боис шуда насли ҷавон, ки ҷазби машоғили шаҳрӣ ва зиндагии модерн шудаанд, камтар ба ёдгирии ин ҳирфаи сахт, алоқа нишон диҳанд.
Имрӯза теъдоди линҷсозон андаку бештари онҳо солхурда ҳастанду бахши зиёде аз ин дониш ҳануз дар ихтиёри ҳамин устодони қадимӣ аст.
Дар соли 2011, Эрон барои ҳифозат аз ин мероси арзишманд, онро дар феҳристи мероси ниёзманди ҳифозати фаврии ЮНЕСКО сабт кард.
Талошҳо барои ҳифзи ин мерос
Сабт дар ЮНЕСКО таваҷҷуҳи миллӣ ва байналмилалиро ба ин ҳунар ҷалб кард. Аз он замон, фаъолони маҳаллӣ, созмонҳои фарҳангӣ ва бархе ниҳодҳо талош кардаанд аз тариқи коргоҳҳо, намоишгоҳҳо ва мустанадсозӣ, ин ҳунарро ба насли ҷавон муаррифӣ кунанд.
Бархе низ гардишгарии фарҳангиро фурсате барои ҳифзи ин суннат медонанд ва аз боздидкунандагон даъват мекунанд то аз наздик сохти линҷро мушоҳида кунанд.
Сохти линҷ танҳо ба тавлиди як қоиқ маҳдӯд набуд, балки фарҳанги дарёиро шакл дод, ки ин шиноварҳо сутуни аслии зиндагии ҷавомеъи соҳилӣ буданд.
Радди пои ин фарҳанг ҳануз дар мусиқии маҳаллӣ, овозҳои дарёӣ ва достонҳои шифоҳӣ дида мешавад.
Имрӯз бо коҳиши теъдоди линҷҳои фаъол, ин аносири фарҳангӣ аҳаммияти бештаре пайдо кардаанду фурсате барои наслҳои ҷавон фароҳам мекунанд то дубора бо дониш, арзишҳо ва ҳувияти дарёии худ иртибот барқарор кунанд.