Меъмории Ҳурмузгон ; ҷое ки нубуғи иқлимӣ бо мероси дарёӣ пайванд мехӯрад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124264-Меъмории_Ҳурмузгон_ҷое_ки_нубуғи_иқлимӣ_бо_мероси_дарёӣ_пайванд_мехӯрад
Порс тудей – Устон(вилоят)и Ҳурмузгон дар ҷануби Эрон , ки аз тазоди чашмгир миёни биёбонҳои сӯзону обии дурахшони халиҷи Форс шакл гирифта , таърихи шигифтангезиро на аз тариқи биноҳои азими императорӣ , балки дар меъмории созгоршуда бо зиндагии рӯзмарра ҳифз кардааст.
(last modified 2026-02-21T09:48:09+00:00 )
Феврал 21, 2026 11:08 Asia/Dushanbe
  • Меъмории Ҳурмузгон ; ҷое ки нубуғи иқлимӣ бо мероси дарёӣ пайванд мехӯрад
    Меъмории Ҳурмузгон ; ҷое ки нубуғи иқлимӣ бо мероси дарёӣ пайванд мехӯрад

Порс тудей – Устон(вилоят)и Ҳурмузгон дар ҷануби Эрон , ки аз тазоди чашмгир миёни биёбонҳои сӯзону обии дурахшони халиҷи Форс шакл гирифта , таърихи шигифтангезиро на аз тариқи биноҳои азими императорӣ , балки дар меъмории созгоршуда бо зиндагии рӯзмарра ҳифз кардааст.

  Устони Ҳурмузгон, воқеъ дар ҷануби Эрон аз дер боз ба унвони яке аз муҳимтарин нуқоти пайванди масирҳои тиҷорати дарёӣ(баҳрӣ) ва корвонӣ шинохта шудааст. Ин мавқеъияти роҳбурдӣ , ҳамроҳ бо шароити иқлимии гарму рутубатнок мӯҷиби шаклгирии суннатҳои меъмории вижае шуда, ки ба таври мустақим дар посух ба ниёзҳои муҳитӣ , иҷтимоӣ ва иқтисодии минтақа тавсеа ёфтаанд. Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз Пресс ТВ , мероси меъмории ин устонро метавон маҷмӯъае аз роҳкорҳои ҳӯшмандона донист, ки шомили фазоҳои мазҳабии созгор бо иқлим , созаҳои дифоӣ ва тиҷорӣ барои ҳифозату иртибот ва сомонаҳои пешрафтаи захираи об барои тазмини бақо будаанд.
Ин маҷмӯъаи меъморӣ , шомили масҷидҳои соҳилӣ , шабакае аз қалъаҳо ва корвонсароҳо ва обанборҳои густарда , нишондиҳандаи талоши мардуми ҷануби Эрон барои эҷоди муҳити ҳамоҳанг бо табиат ва ниёзҳои зиндагии рӯзмарра аст. Ин созаҳо ба унвони намӯнаҳои шохис аз меъмории бӯмӣ , гувоҳ бар тавоноии ҷомеъаҳои маҳаллӣ дар созгорӣ бо шароити сахти иқлимӣ ва баҳрагирӣ аз манобеъи маҳдуд ҳастанд .

Масҷиди Малик бин Аббоси бандари Линга

Масҷидҳои торихии Ҳурмузгон, ки дар имтидоди соҳилҳои халиҷи Форс қарор доранд , намӯнаи барҷаста аз ин созгории меъморӣ маҳсӯб мешаванд . Бархилофи масоҷиди бошукӯҳи шаҳрҳое монанди Исфаҳону Шероз, ки бо гунбадҳои бузургу тарҳҳои чаҳорайвонӣ шинохта мешаванд , масоҷиди Ҳурмузгон дорои сохтори содатар, аммо комилан корбурдӣ ҳастанд. Ин биноҳо асосан таи се қарни гузашта сохта шудаанд ва шаклгирии онҳо натиҷаи таъомули мустақим бо шароити муҳитӣ , маҳдӯдияти масолеҳи маҳаллӣ ва таъсироти фарҳангии бархоста аз иртибототи дарёӣ будааст.
Яке аз муҳимтарин вижагиҳои ин масоҷид , истифода аз улгӯи шабистон–айвон аст. Шабистон , ки фазои аслии ибодат ба шумор меравад , ба сурати толори сутундор бо сақфҳои ҳамвор ё тоқӣ тарроҳӣ шудааст. Ин сохтор бо эҷоди соя ва чархиши ҷараёни ҳаво , муҳити хунаку муносиб барои ибодат фароҳам мекунад. Бархилофи бисёре аз масоҷиди эронӣ , ин биноҳо маъмулан бегунбад ҳастанд , зеро сақфҳои мусаттаҳ ё тоқӣ амалкарди беҳтаре дар коҳиши гармо доранд. Дар канори шабистон , айвонҳои бузург ба унвони фазоҳои нимабоз , нақши муҳимме дар эҷоди иртибот миёни фазои дохилӣ ва хориҷӣ ифо мекунанд ва имкони таъомули иҷтимоиро фароҳам месозанд .

Масҷиди Галадории Бандар-Аббос

Созмони фазойии ин масоҷид низ нишондиҳанда инъитофпазирӣ дар тарроҳӣ аст . Агарчӣ ҳавлии марказӣ яке аз унсурҳои аслии меъмории масоҷиди эронӣ маҳсӯб мешавад , аммо дар Ҳурмузгон мавқеъияти ҳавлиҳо баста ба шароити муҳитӣ ва ҷиҳати бод мутағаййир аст. Ин рӯйкард нишондиҳандаи авлавият додан ба коркарду осоиши иқлимӣ , ба ҷои пойбандӣ ба улгӯҳои собити меъморӣ аст. Ҳамчунин вурудиҳои ҷудогона барои мардону занон , баёнгари тавваҷуҳ ба сохтори иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳарими хусӯсӣ бӯда ва масирҳои ҳаракатӣ ба гӯнае тарроҳӣ шудаанд, ки шахс ба тадриҷ аз фазои умумӣ вориди фазои маънавӣ шавад.
Намойи берӯнии ин масоҷид ағлаб содааст , аммо фазои дохилии онҳо бо тазъиноти гачбурӣ шомили нақшҳои ҳандасӣ ва гиёҳӣ музайян шудааст. Ин тазъинот бо вуҷӯди содагӣ , нишондиҳандаи маҳорати ҳунармандони маҳаллӣ ва истифода аз масолеҳи бӯмӣ монанди гач , санг ва гул ҳастанд . Намӯнаҳое монанди масҷиди Малик бин Аббос дар бандари Линга , масҷиди Галадории Бандар Аббос ва масҷиди Карчӣ , баёнгари идомаи ин суннати меъморӣ дар давраҳои мухталифи торихӣ ҳастанд.

Масҷиди Моша дар Кеш

Дар канори масоҷид , қалъаҳо ва корвонсароҳои Ҳурмузгон низ бахши муҳимме аз мироси меъмории ин устонро ташкил медиҳанд . Ин созаҳо, ки дар манотиқи кӯҳистонӣ , савоҳилу ҷазоир парокандаанд , нақши муҳимме дар ҳифозат аз масирҳои тиҷорӣ ва таъмени амнияти минтақа ифо мекарданд. Қалъаҳои португалиявӣ дар ҷазоири Ҳурмузу Қишм аз барҷастатарин намӯнаҳо ҳастанд, ки дар қарни шонздаҳуми милодӣ сохта шуданд. Ин қалъаҳо бо деворҳои ғафс , бурҷҳои дидабонӣ , анборҳои таҷҳизоту манобеи об ба унвони марказҳои низомӣ ва дифоӣ мавриди истифода қарор мегирифтанд. Ҳузури португалиявиҳо дар ин минтақа беш аз як қарн идома дошт; то инки дар соли 1623 милодӣ , неруҳои сафавӣ ба фармони шоҳ Аббос , ин манотиқро бозпас гирифтанд.

Қалъаи Қишм

Дар манотиқи дохилӣ низ қалъаҳое монанди қалъаи Гавҳарон ва қалъаи Кумиз сохта шуданд, ки илова бар нақши дифоӣ , ба унвони марокизи идорӣ ва ҳукӯматӣ мавриди истифода қарор мегирифтанд . Вуҷуди хандақҳо , чоҳҳои амиқ ва сохторҳои мустаҳкам дар ин қалъаҳо , нишондиҳандаи аҳамияти таъмини амният ва манобеи ҳаётӣ дар шароити буҳронӣ будааст. Корвонсароҳо низ ба унвони марокизи таваққуф , истироҳату табодули коло , нақши муҳимме дар тавсеаи тиҷорату иртибототи минтақа ифо мекарданду ҷойгоҳи Ҳурмузгонро ба унвони яке аз дарвозаҳои муҳими тиҷорати ҷаҳонӣ тасбит карданд.

Намои дохилии қалъаи Ҳурмуз

  Обанборҳо низ аз дигар аносири муҳими меъмории бӯмии Ҳурмузгон ба шумор мераван,ки посухи мустақим ба камбуди манобеи об ва шароити иқлимии хушки минтақа будаанд . Ин созаҳо бо тарроҳии зеризаминӣ ва истифода аз гунбадҳои сангӣ , имкони захираву ҳифзи об дар шароити муносибро фароҳам мекарданд. Обанборҳо илова бар амалкарди ҳаётии худ , ба унвони намоде аз ҳамкории иҷтимоӣ низ шинохта мешуданд ва ағлаб бо мушорикати умумӣ сохта мешуданд.

Обанбори Крикӣ дар наздикии Бастак

Намунаҳое монанди обанбори Дарёдавлат дар бандари Канг , нишондиҳандаи маҳорати муҳандисони маҳаллӣ дар тарроҳии сомонаҳои захира ва мудирияти об ҳастанд . Ин созаҳо дорои системаҳои ҳидоят , тасфияу тақсими об буда ва нақши муҳимме дар таъмини ниёзҳои рӯзмарраи мардум ифо мекарданд. Ҳарчанд имрӯза сомонаҳои замонавӣ ҷойгузини бисёре аз ин сохторҳо шудаанд , аммо обанборҳо ҳамчунон ба унвони намоде аз дониши бӯмӣ , ҳамбастагии иҷтимоӣ ва созгорӣ бо муҳит шинохта мешаванд.

  Обанбори бузурги Лофт

Дар маҷмӯъ мироси меъмории Ҳурмузгон бозтобе аз таъомули ҳӯшмандонаи инсон бо табиат ва шароити муҳитӣ аст. Ин созаҳо нишон медиҳанд, ки чи гуна ҷомеъаҳои маҳаллӣ бо баҳрагирӣ аз дониши бӯмӣ , тавонистаанд муҳити пойдору мутаносиб бо ниёзҳои худ эҷод кунанд. Ин мероси арзишманд , на танҳо баёнгари таъриху фарҳанги минтақа аст , балки намӯнае аз тавоноии инсон дар созгорӣ бо чолишҳои табиӣ ва баҳрагирӣ аз меъморӣ ба унвони абзоре барои бақову пешрафт маҳсӯб мешавад.