Алии Лориҷонӣ: Ҳизбуллоҳ ба сарпараст ниёз надорад
Август 12, 2025 12:06 Asia/Dushanbe
-
Алии Лориҷонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон
Порстудей- Алии Лориҷонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки ба Ироқ сафар карда буд, гуфт: Ҳизбуллоҳ ва ҷунбиши муқовимат бисёр тавсеъаи хуби андешаи сиёсӣ доранд ва ба қайим(сарпараст) ниёз надоранд.
Алии Лориҷонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон, дирӯз, душанбе дар як нишасти хабарӣ дар Бағдод афзуд: Фикр мекунам, Ҳизбуллоҳ ва ҷунбиши муқовимат дар андешаи сиёсӣ бисёр тавсеъаи хубе доранд ва худашон хуб медонанд, ки чӣ манофеъро барои кишварҳои худ бояд дар назар бигиранд ва ниёз ба сарпараст ва калонтар надоранд ва Эрон кишваре нест, ки аз ин бодҳо, ки бархе аз мардум фикр мекунанд, такон дода шавад.
Барчасп