Вокуниши Саидаббоси Ироқчӣ ба иддаои Натаняҳу дар бораи «Исроили бузург»
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i121516-Вокуниши_Саидаббоси_Ироқчӣ_ба_иддаои_Натаняҳу_дар_бораи_Исроили_бузург
Порс Тудей – Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар вокуниш ба суханони Бинямин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ дар бораи «Исроили бузург» гуфт: Расонаҳои ғарбӣ одатан ҳар касеро, ки ба идеяи «Исроили бузург»-и саҳюнистҳо ишора кунад, ба «яҳудиситезӣ» муттаҳам мекунанд.
(last modified 2025-08-14T04:43:44+00:00 )
Август 14, 2025 09:37 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Саидаббоси Ироқчӣ ба иддаои Натаняҳу дар бораи «Исроили бузург»

Порс Тудей – Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар вокуниш ба суханони Бинямин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ дар бораи «Исроили бузург» гуфт: Расонаҳои ғарбӣ одатан ҳар касеро, ки ба идеяи «Исроили бузург»-и саҳюнистҳо ишора кунад, ба «яҳудиситезӣ» муттаҳам мекунанд.

Саидаббоси Ироқчӣ субҳи панҷшанбе (13 мурдоди 1404) дар шабакаи X бо матраҳ кардани ин суол, ки «Оё агар худи Натаняҳу эътироф кунад, боз ҳам яҳудиситезӣ аст?», афзуд: Натаняҳу дар мусоҳиба бо як шабакаи телевизионии исроилӣ гуфтааст, ки дар як «маъмурияти таърихӣ ва маънавӣ» қарор дорад ва алоқаи зиёд ба дидгоҳи «Исроили бузург» дорад, ки минтақаҳои марбут ба давлати ояндаи Фаластин ва эҳтимолан қисматҳое аз Урдун ва Мисрро дар бар мегирад. Ӯ афзуд: Гуфтанист, ки расонаҳои ғарбӣ одатан ҳар касеро, ки ба идеяи «Исроили бузург»-и саҳюнистҳо ишора кунад, ба «яҳудиситезӣ» муттаҳам мекунанд. / ИРНА