Вокуниши Аврупо ба нишасти Аляска: 1-0 ба нафъи Путин
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i121554-Вокуниши_Аврупо_ба_нишасти_Аляска_1_0_ба_нафъи_Путин
Порс Тудей – Мақомҳои аврупоӣ пас аз анҷоми дидори Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико бо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, нисбат ба бенатиҷа мондани ин нишаст изҳори ноумедӣ ва нафрат карданд ва Путинро пирӯзи ин ҷаласа донистанд.
(last modified 2025-08-16T08:24:00+00:00 )
Август 16, 2025 13:22 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Аврупо ба нишасти Аляска: 1-0 ба нафъи Путин

Порс Тудей – Мақомҳои аврупоӣ пас аз анҷоми дидори Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико бо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, нисбат ба бенатиҷа мондани ин нишаст изҳори ноумедӣ ва нафрат карданд ва Путинро пирӯзи ин ҷаласа донистанд.

Ба навиштаи рӯзномаи Kyiv Independent, аврупоиҳо, ки мисли мақомҳои Украина ба ин нишаст даъват нашуда буданд, нисбат ба ин дидор, ки барои Украина оташбасе ба дунбол надошт, изҳори ноумедӣ карданд. Wolfgang Ischinger, дипломати олмонӣ, дар шабакаи X бо ишора ба ин ки «дастоварди Путин аз дидор бо Трамп фарши қирмиз буд, аммо Трамп чизе аз ин дидор ба даст наовард», навишт: «Ҳамон тавре ки метарсидем, на оташбас, на сулҳ, на пешрафти воқеӣ ба даст наомад, дар натиҷа натиҷаи он ба таври рӯшан 1 бар 0 ба нафъи Путин буд.» Дувил Сакалине, вазири дифои Литва низ изҳороти Путинро «фиреби равонӣ ва таҳдидҳои пинҳон» донист ва гуфт, ки Русия ҳамзамон бо ҳузур дар Аляска, ба бомбаборони ғайринизомиён дар Украина идома дод. Ҳамчунин, Ян Липавский, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Чехия, низ дар паёме дар X навишт: «Агар Путин дар бораи музокироти сулҳ ҷиддӣ мебуд, имрӯз тамоми вақт ба Украина ҳамла намекард.» Индипендент дар поён изҳороти Путин дар нишасти хабарии пас аз дидор бо Трампро «ҳушдори пинҳон» ба Ғарб хонд.