Дар Тошканд намоишгоҳи осори ҳунари эронӣ баргузор шуд
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i121616
Порстудей - Бо пуштибонии мушовири фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Узбакистон дар Осорхонаи санъати ба номи Камолуддини Беҳзод дар Тошканд Намоишгоҳи осори ҳунари эронӣ мавсум ба “мураққаъ” баргузор шуд.
(last modified 2025-08-19T08:31:56+00:00 )
Август 19, 2025 13:28 Asia/Dushanbe
  • Дар Тошканд намоишгоҳи осори ҳунари эронӣ баргузор шуд

Порстудей - Бо пуштибонии мушовири фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Узбакистон дар Осорхонаи санъати ба номи Камолуддини Беҳзод дар Тошканд Намоишгоҳи осори ҳунари эронӣ мавсум ба “мураққаъ” баргузор шуд.

Ин намоишгоҳ аз ҷониби аҳли ҳунари Узбакистон ва хоҳишмандони хаттотӣ ва наққошӣ   хуш пазируфта шуд. Муҳаммад Алӣ Искандарӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Узбакистон дар маросими ифтитоҳ аз созмондиҳандагони ин намоишгоҳи бошукӯҳи ҳунарӣ изҳори сипос кард ва бо ишора ба як зарбулмасали узбакӣ, ки мегӯяд, "Аз як ҷӯй нӯшидем", таъкид кард: Эрон ва Узбакистон шабоҳатҳои зиёди таърихӣ ва тамаддунӣ доранд ва ин равобити фарҳангӣ барои тавсеаи бештари равобити ду кишвар хоҳад шуд. Мураққаъ ба маҷмӯаи пайвастаи асарҳои гуногуни санъатӣ, аз ҷумла намудҳои гуногуни хаттотӣ ва наққошӣ дахл дорад.