Эрон, маҳди “тиллои сурх” - и ҷаҳон; кашфи 25 гунаи ваҳшии заъфарон
-
Эрон, маҳди “тиллои сурх” - и ҷаҳон; кашфи 25 гунаи ваҳшии заъфарон
Порс-Тудей. Эрон бо кашфу муаррифии чандини гуна (намудҳо) -и ваҳшии заъфарон , тавонист ҷойгоҳи худро ба унвони бузургтарин тавлидкунандаи заъфарон беш аз пеш тасбит кунад .
Заъфарон , маъруф ба “ тиллои сурх “ , яке аз гаронбаҳотарин ва арзишмандтарин гиёҳони доруеу адвияҳои ҷаҳон аст . Дар ин миёни Эрон ба унвони бузургтарин тавлидкунандау содиркунандаи ин маҳсул дар дунё шинохта шудааст . Ин гиёҳи хушбӯ ва пурхосият, бештар дар манотиқи шарқии Эрон монанди Хуросони Разавӣ ва Хуросони Ҷанубӣ кишт мешавад ва ба далели кайфият беназираш, шӯҳрати ҷаҳонӣ дорад.
Ба гузориши Порс-Тудей, ба нақл аз хабаргузории Tаснӣм , Эрон бо кашфу муаррифии 25 гунаи ваҳшии заъфарон , аз ҷумла гунаҳои беназир, ки танҳо дар ин сарзамин мерӯйанд , ҷойгоҳи барҷастае дар нақшаи ҷаҳонии гуногунии гиёҳии ин маҳсул ба худ ихтисос додааст. Бар асоси ин гузориш, 15 соли пеш, гунаҳои шинохташудаи заъфарони ваҳшӣ дар Эрон ҳашт маврид буд , аммо таҳқиқот майдонии густардаи доктор ِAлиризо Дулатёрӣ, узви факултет ва мудири бонки растании Маркази миллии манобеъи ирсӣ ва биологии Эрон ва муҳаққиқони дигар ин рақамро ба 25 намуд расондаанд.

Заъфарон дар таомҳои эронӣ аҳамияти бузург дорад. Ин адвия (ҳанут)-и пурарзиш, ки аз гули “Crocus Sativus” гирифта шудааст, барои маззаи хоси худ, ранги зинда ва атр (накҳат)-и беназири худ мавриди тавваҷуҳи қарор гирифтааст.
Заъфарон ба унвони яке аз гаронқиматтарин чошниҳои дунё , таърихчаи ғанӣ дорад, ки бо мироси фарҳангӣ ва ғизоҳои эронӣ дарҳам омехта аст . Эрониҳо муддатҳо аст, ки аз ин адвияи хушатру ранг дар ғизоҳои мухталиф истифода мекунанд . Аҳамияти заъфарон дар фарҳанги эронӣ фаротар аз қаламрав ошпазӣ аст; зеро заъфарон аз лиҳози таърихӣ , намоди меҳмоннавозӣ ва сирват буда аст.

Заъфарон; гиёҳии мӯъҷизавӣ
Заъфарон , танҳо як адвияи рангӣ ва таъм диҳанда нест, балки хавоси доруеу дармонии фаровонӣ дар тибби суннатии эронӣ дорад. Ҳакимони бузурги эронӣ аз қабили Абӯалӣ Сино, Закариёи Розӣ ва Ҷорҷонӣ аз заъфарон ҳамчун доруи дорои хосиятҳои фаровон ёдовар шудаанд. Дар матнҳои куҳан аз қабили «Қонун»-и Ибни Сино ва « Захираи Хоразмшоҳӣ»-и Сайид Исмоили Ҷорҷонӣ, заъфарон ҳамчун доруи гарм ва хушк муаррифӣ шудааст, ки барои табобати бемориҳои сершумор истифода мешавад. Ибни Сино дар китоби «Қонун» зикр кардааст, ки заъфарон «дилро қувват мебахшад ва рӯҳро тароват мебахшад».
Хусусиятҳои дармонии заъфарон дар тиби суннатии эронӣ
Тақвияти дил ва асаб, доруе барои дармони бехобӣ ва андешаҳои васвосӣ, дармони афсурдагӣ ва ғамгинӣ ва рӯҳбаландкунанда, аз байн бурдани андӯҳ ва андӯҳ ва муассир дар афзоиши сатҳи Cеротонин (ҳормони хушбахтӣ), аз хосиятҳои дармонии заъфарон дар тибби суннатии Эрон аст.

Аз сӯии дигар заъфаронро ба унвони доруи ҳозима ва ҷигар, ториккунандаи меъда ва ҳозима, давои зардпарвин, поккунандаи ҷигар, ки барои бемориҳои занон мувофиқ аст, ва барои дарди буғумҳо ва тарбод, давокунандаи пешоб мешиносанд .

Ҳушдорҳои тиби суннатии эронӣ дарбора заъфарон
Истеъмоли аз ҳад зиёди заъфарон (зиёда аз 3 грамм дар як рӯз) метавонад боиси дарди сар, қайкунӣ ва ҳатто заҳролудшавӣ гардад. Дар ин миён занони бордор бояд аз масрафи зиёди заъфарон худдорӣ кунанд , чун мумкин аст боиси сиқти ҷанин (бачапартоӣ) шавад . Афроди дорои табъи гарм низ бояд заъфаронро бо муслеҳоташ монанди коснӣ ё саканҷабин масраф кунанд . Бо риояти мизони масрафу машварат бо мутахассисони тиби суннатии эронӣ , метавон аз ин гавҳари сурх барои ҳифзи саломатӣ баҳра бурд .
