Таъкиди дабири кулли СММ бар оташбаси фаврӣ дар Ғазза
Порс Тудей - Дабири кулли Созмони Милал бо таъкид бар оташбаси фаврӣ дар Навори Ғазза, нисбат ба талафот дар ин минтақа пас аз эъломи режими саҳюнистӣ барои иҷрои амалиётҳои ҷадид ҳушдор дод.
Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфт: Расидан ба оташбаси фаврӣ дар Ғазза ҳаётӣ аст. Оташбасе, ки барои ҷилавгирӣ аз маргу вайронӣ, ки амалиёти низомии Исроил зидди шаҳри Ғазза ногузир ба бор хоҳад овард, зарурӣ аст.
Режими саҳюнистӣ, ки даҳҳо ҳазор нерӯи захираи артишро фаро хондааст, бо вуҷуди интиқодҳои байналмилалӣ аз амалиёте, ки эҳтимолан мунҷар ба оворагии бисёре аз фаластиниён хоҳад шуд, ҳамчунон ба тарҳи худ барои тасарруфи бузургтарин маркази шаҳрии Ғазза идома медиҳад.
Исроил дар ҳоли ҳозир ҳудуди 75 дарсад аз навори Ғаззаро дар ихтиёр дорад.
Ҷанги Ғазза ҳафтуми октябри соли 2023 оғоз шуд ва то кунун беш аз 62 ҳазор фаластинӣ дар ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза ба шаҳодат расидаанд. / ИСНА