Созмони Милал: Вазъияти обу ғизо дар навори Ғазза фоҷиабор аст
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i121716-Созмони_Милал_Вазъияти_обу_ғизо_дар_навори_Ғазза_фоҷиабор_аст
Порс Тудей - Мудири Барномаи ҷаҳонии озуқаи Созмони Милали Муттаҳид бо ишора ба шароити вахими инсонии сокинони навори Ғазза, дар иртибот бо вазъияти обу ғизо дар ин минтақа ҳушдор дод ва онро "фоҷиабор" хонд.
(last modified 2025-09-23T05:42:19+00:00 )
Август 25, 2025 12:50 Asia/Dushanbe
  • Вазъияти фоҷиабори навори Ғазза
    Вазъияти фоҷиабори навори Ғазза

Порс Тудей - Мудири Барномаи ҷаҳонии озуқаи Созмони Милали Муттаҳид бо ишора ба шароити вахими инсонии сокинони навори Ғазза, дар иртибот бо вазъияти обу ғизо дар ин минтақа ҳушдор дод ва онро "фоҷиабор" хонд.

Cindy McCain, мудири Барномаи ҷаҳонии озуқаи Созмони Милали Муттаҳид дар мусоҳиба бо телевизиони умумимиллии Ҷопон (NHK) дар иртибот бо буҳрони инсонӣ дар навори Ғазза гуфт: "Вазъият фоҷиабор аст. Буҳрони сӯитағзия бисёр ҷиддӣ аст, мардум аз гуруснагӣ дар ҳоли марг ҳастанд."

McCain тасреҳ кард, ки Барномаи ҷаҳонии озуқаи Созмони Милали Муттаҳид, бузургтарин ва танҳо созмонест, ки қодир ба таъмини ҳаҷми зиёде аз маводи ғизоии мавриди ниёзи Ғазза аст, аммо иқдомоти низомии режими саҳюнистӣ монеи анҷоми ин талошҳои башардӯстона ва ирсоли маводи ғизоӣ ба ин минтақаи муҳосирашуда шудааст.

Мудири Барномаи ҷаҳонии озуқаи Созмони Милали Муттаҳид таъкид кард: "Дар ҳоле, ки туфанг, танк ва дигар силоҳҳо ба самти мо нишона гирифта шудаанд, ирсоли маҳмулаҳои ғизоӣ ба навори Ғазза бисёр сахт ва душвор аст."

Гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки аз дувуми марти соли 2025 ирсоли кумакҳои созмонҳои башардӯстонаи байналмилалӣ ва ожонсҳои Созмони Милали Муттаҳид ба навори Ғазза мутаваққиф шудааст. /ИРНА