Нишасти муштараки Афғонистон ва Эрон дар марзи Дуғорун
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i121848-Нишасти_муштараки_Афғонистон_ва_Эрон_дар_марзи_Дуғорун
Порс Тудей - Дар шашумин нишасти муштараки Афғонистон ва Эрон дар минтақаи озоди Дуғорун, мақомоти ду кишвар барои тақвияти равобити тиҷоратӣ ва ҳалли мушкилоти транзитӣ гуфтугӯ карданд.
(last modified 2025-09-07T05:14:25+00:00 )
Сентябр 07, 2025 10:12 Asia/Dushanbe
  • Нишасти муштараки Афғонистон ва Эрон дар марзи Дуғорун
    Нишасти муштараки Афғонистон ва Эрон дар марзи Дуғорун

Порс Тудей - Дар шашумин нишасти муштараки Афғонистон ва Эрон дар минтақаи озоди Дуғорун, мақомоти ду кишвар барои тақвияти равобити тиҷоратӣ ва ҳалли мушкилоти транзитӣ гуфтугӯ карданд.

Ин нишаст бо ҳадафи коҳиши хароҷоти тиҷоратӣ, тасҳили ҳамлу нақли марзӣ ва беҳбуди ҳамоҳангиҳои транзитӣ баргузор шуд. Дар ҷараёни ин дидор, масъулони Эрон ва Афғонистон аз марзҳои Исломқалъа ва Дуғорун низ боздид карданд. Ҳайати Афғонистон бар зарурати тасреъи раванди вуруду хуруҷи камазҳо ва мошинҳои боркаш таъкид кард ва тарафҳо дарбораи эҷоди як механизми пойдор барои тасҳили рафтуомади сареътар ва осонтари воситаҳои нақлиёт табодули назар карданд. /ИРНА