Гурӯҳи террористии «Боко Ҳаром» 70 нафарро дар Нигерия ба қатл расонд
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i121852-Гурӯҳи_террористии_Боко_Ҳаром_70_нафарро_дар_Нигерия_ба_қатл_расонд
Порс Тудей - Ҳудуди 70 нафар дар ҳамлаи гурӯҳи террористии «Боко Ҳарам» ба сокинони як русто дар иёлати «Борно» дар шимоли шарқи Нигерия кушта шуданд.
(last modified 2025-09-07T07:07:08+00:00 )
Сентябр 07, 2025 12:04 Asia/Dushanbe
  • гурӯҳи террористии Боко Ҳарам
    гурӯҳи террористии Боко Ҳарам

Порс Тудей - Ҳудуди 70 нафар дар ҳамлаи гурӯҳи террористии «Боко Ҳарам» ба сокинони як русто дар иёлати «Борно» дар шимоли шарқи Нигерия кушта шуданд.

Шабакаи Ал-Маёдин ба нақл аз Ройтерс афзуд: ҳудуди 70 нафар, аз ҷумла ҳафт сарбоз, дар ҳамлаи шабонаи гурӯҳи террористии Боко Ҳаром ба рустои «Дорулҷамол» дар минтақаи ҳукумати маҳаллии «Бама» дар шимоли шарқи Нигерия кушта шуданд.

Ҳамла ба Дорулҷамол, дар наздикии бонке дар минтақаи ҳукумати маҳаллии Бама, ҳудуди соати 8:30-и шаби ҷумъа рух дод, замоне, ки афроди мусаллаҳ ба русто ҳамла ва беҳадаф тирандозӣ карданд ва хонаҳоро ба оташ кашиданд.

Яке аз сокиноне, ки ба ҳамроҳи сарбозон ба шаҳри Бама дар масофаи ҳудуди 46 километр фирор карда буд, ба Ройтерс гуфт, ки моҳи гузашта пас аз солҳо оворагӣ дар Дорулҷамол маскун шуданд. /ИРНА