Ҳушдори тунди Ансоруллоҳ ба Исроил : Қабл аз Санъо , Элотро наҷот диҳед
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i122018-Ҳушдори_тунди_Ансоруллоҳ_ба_Исроил_Қабл_аз_Санъо_Элотро_наҷот_диҳед
Порстудей - Узви дафтари сиёсии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман бо ишора ба нотавонии Исроил дар бозпасгирии киштиҳо , ишғоли Санъоро руъёи дур аз дастрас хонд.
(last modified 2025-09-20T04:51:43+00:00 )
Сентябр 20, 2025 09:48 Asia/Dushanbe
  • Муҳаммад ал-Фараҳ , узви дафтари сиёсии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман
    Муҳаммад ал-Фараҳ , узви дафтари сиёсии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман

Порстудей - Узви дафтари сиёсии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман бо ишора ба нотавонии Исроил дар бозпасгирии киштиҳо , ишғоли Санъоро руъёи дур аз дастрас хонд.

Муҳаммад ал-Фараҳ , узви дафтари сиёсии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман дар вокуниш ба суханони таҳдидомези вазири ҷанги режими саҳюнистӣ гуфт : Пеш аз он ки бихоҳед парчаматонро дар Санъо барафрошта кунед , аввал бандари Элотро дубора роҳандозӣ кунед . Ӯ афзуд : Дар бораи ишғоли Санъо ҳарф мезанед , дар ҳоле ки наметавонед як киштиро бозпас бигиред . Вай дар идома хитоб ба Котс гуфт : Қабл аз он ки парчами Исроилро дар Санъо барафрошта кунед , парчаматонро ба киштиҳое баргардонед, ки аз тарси рӯёрӯӣ бо неруи дарёии Яман , аз парчами кишварҳои дигар истифода мекунанд.