Неруҳои Миср барои тамрини «Дарёи Дӯстӣ 2025» вориди Туркия шуданд
Сентябр 24, 2025 13:25 Asia/Dushanbe
Порс Тудей - Артиши Миср аз вуруди неруи дарёии ин кишвар ба Туркия барои ширкат дар тамрини муштараки «Дарёи Дӯстӣ 2025» хабар дод.
Сартип Ғариб Абдулҳафиз, сухангӯи артиши Миср рӯзи чаҳоршанбе дар баёнияе эълом кард, ки неруҳои дарёии ин кишвар барои ширкат дар тамрини дарёии муштарак бо Туркия бо унвони «Дарёи Дӯстӣ 2025», вориди Туркия шудаанд. Барасоси ин баёния, ин тамрини муштарак «тайи чандрӯз дар тӯли моҳи сентябр, бо мушорикати ягонҳое аз неруҳои дарёии Мисру Туркия» анҷом хоҳад шуд. /ИРНА