Пизишкиён: Мушорикати роҳбурдӣ бо Чин авлавияти муҳим барои Эрон аст
Порс Тудей - Раисиҷумҳур дар паёме ба Си Ҷин Пин, ҳафтоду шашумин солгарди таъсиси Ҷумҳурии Халқии Чинро ба вай табрик гуфт ва таъкид кард: Мушорикати ҷомеъи роҳбурдӣ бо Пекин авлавияте муҳим барои Эрон аст.
Масъуди Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон дар паёме бо табрики фаро расидани ҳафтоду шашумин солгарди таъсиси Ҷумҳурии халқии Чин ба ҳамтои чинии худ, гуфт: Рӯзи миллӣ намоде аз ваҳдат, пешрафт ва дастовардҳои чашмгири миллати Чин дар масири тавсеа ва шукӯфоӣ аст, ки заминасози рифоҳи муштарак барои кишварҳои ҷаҳон шудааст. Пизишкиён дар ин паём хитоб ба Си Ҷин Пин, раисиҷумҳури ин кишвар таъкид кард; ҳамонтавр, ки дар дидори ахир бо ҷаноби олӣ дар Пекин иброз доштам, мушорикати ҷомеъи роҳбурдӣ бо Ҷумҳурии Халқии Чин авлавияте муҳим барои Ҷумҳурии исломии Эрон аст ва шароити мутағайир ва печидаи байналмилалӣ ва минтақӣ, тақвияту густариши муносиботи ҳамаҷонибаро беш аз пеш зарурӣ сохтааст. Умедворам, дар сояи эҳтирому манофеи мутақобил, равобити ду миллат бо қудрат ба масири таъолии худ идома диҳад. /Хабаргузории Садо ва симо