Эрон: Ҷаҳон қонӯншиканиҳои ваҳшиёнаи режими Исроилро мутаваққиф кунад
Порс Тудей - Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт: Ҷаҳон бояд қонуншиканиҳои ваҳшиёнаи режими Исроилро мутаваққиф кунад ва бекайфармонии ҷинояткорони ҷангӣ ва наслкушро поён диҳад.
Исмоили Бақоӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт: Як моҳ баъд аз воқеа, расонаҳои амрикоӣ ончиро ҳама медонистанд, таъйид карданд “ҳамлаи паҳподӣ ба қоиқҳои ҳомили кумакҳои инсондӯстона ба Ғазза дар савоҳили Тунис, ба дастури Натаняҳу анҷом шуда буд”.
Бақоӣ афзуд: Ин амр сирфан гувоҳи дигаре бар беэътинои комили режими Исроил нисбат ба ҳокимияти миллии кишварҳо, ҳуқуқи байналмилал ва ҳаёту каромати инсонӣ аст.
Вай тасреҳ кард: Ҷаҳон бояд ин қонӯншиканиҳои ваҳшиёнаро мутаваққиф кунад, бекайфармонии ҷинояткорони ҷангӣ ва наслкушро поён диҳад ва тавҷеҳгарони ин ҷиноятҳоро муохиза кунад. /Садо ва симо