Ҳамлаи Исроил ба новгони кумакрасонӣ ба Ғазза
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i122310-Ҳамлаи_Исроил_ба_новгони_кумакрасонӣ_ба_Ғазза
Порс Тудей - Артиши режими саҳюнӣ ба корвони дарёии ҷадиде, ки ба самти Ғазза мерафт, ҳамла кард.
(last modified 2025-10-08T08:44:04+00:00 )
Октябр 08, 2025 13:43 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи Исроил ба новгони кумакрасонӣ ба Ғазза

Порс Тудей - Артиши режими саҳюнӣ ба корвони дарёии ҷадиде, ки ба самти Ғазза мерафт, ҳамла кард.

Мудирияти новгони пойдорӣ эълом кард: Исроил ба новгони озодӣ, ки тақрибан 120 мойлии дарёӣ аз Ғазза фосила дошт, ҳамла кард. Вай тасреҳ кард: Артиши Исроил ҳаддиақал ба ду қойиқ аз новгони озодӣ ҳамла кард, пахши зиндаро қатъ карду масири онҳоро тағйир дод. Кумитаи байналмилалӣ шикастани муҳосираи Ғазза бомдоди чаҳоршанбе гуфт, ки 9 киштии ҳомили кумакҳои инсонӣ ба ҳамроҳи 150 фаъоли ҳуқуқи башарӣ, ба фосилаи 270 километрии соҳили Ғазза расидаанд. Тасовири мунташир шуда аз дурбинҳои назоратии новгони озодӣ нишон медиҳад, низомиёни саҳюнист савори чанд киштии ин новгони дарёӣ шуда ва ширкаткунандагонро боздошт кардаанд. Новгони озодӣ эълом кард, ки артиши режими саҳюнистӣ бо эҷоди ихтилол дар сигнолҳо, дастикам 2 киштии ин новгонро тавқиф кардааст. / Хабаргузории Садо ва симо.