ЮНИСЕФ : 56 ҳазор кӯдак дар Ғазза волидайни худро аз даст доданд
-
ЮНИСЕФ : 56 ҳазор кӯдак дар Ғазза волидайни худро аз даст доданд
Порстудей - Сандӯқи кӯдакони Созмони Милали муттаҳид ( юнисиф ) эълом кард, ки 56 ҳазор кӯдак дар навори ғазза дар тӯли ду соли ҷанги артиши режими саҳюнистӣ як ё ҳар ду волидайни худро аз даст додаанд .
ЮНИСЕФ дар тозатарин гузориши худ эълом кард, ки ду соли бомбаборону ҷанг боиси вайронии фоҷеъабор дар саросари навори Ғазза шуда ва беш аз 64 ҳазор кӯдак шаҳиду захмӣ шудаанд. Ин баёния афзуд :бе 320 ҳазор кӯдаки зери панҷ сол дар навори Ғазза дар маърази хатари гуруснагии ҳод ҳастанд ва ш аз 56 ҳазор кӯдак яке аз волидайн ё ҳар дуӣ онҳоро аз даст додаанд. Сандӯқи ЮНИСЕФ эълом кард : Мо аз оташбас дар Ғазза истиқбол мекунем . Оташбас ба кӯдаконе, ки дар тӯли ду соли ҷанги ваҳшатнок ранҷу машаққат бардаанд, умед мебахшад . Сандӯқи ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милал афзуд : Мо беш аз 1 300 мошини боркаш омодаи ирсоли ҳамли чодар , ғизо , дору ва лавозими омӯзишӣ ба навори Ғазза дорем.