Эрон, Покистон ва Афғонистонро ба гуфтугу ва хештандорӣ даъват кард
Порс Тудей- Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон бо ибрози нигаронӣ аз таҳаввулоти ахир байни Покистону Афғонистон, хостори хештандорӣ ва шурӯи фаврии гуфтугу байни тарафайн бо ҳадафи коҳиши танишу ҳаллу фасли ихтилофот аз тариқи дипломасӣ шуд.
Исмоили Бақоӣ, сухангуи вазорати умури хориҷаи Эрон бо ибрози нигаронӣ аз таҳаввулоти чандрӯзи гузашта байни Покистону Афғонистон, зарурати эҳтироми мутақобил нисбат ба тамомияти сарзаминӣ ва ҳокимияти миллии ҳар ду кишварро хотирнишон кард ва хостори хештандорӣ ва шурӯи фаврии гуфтугӯ байни тарафайн бо ҳадафи коҳиши танишу ҳалу фасли ихтилофот аз тариқи дипломасӣ шуд.
Сухангуи вазорати умури хориҷаи Эрон тасреҳ кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон аҳаммияти асосӣ барои ҳифзи сулҳу субот дар муҳити перомунӣ қоил буда ва омодаи ҳар гуна мусоидат барои коҳиши таниш байни ду кишвари ҳамсоя ва мусулмон аст. / Форс