Ҷиҳоди исломии Фаластин: Муқовимат бо халъи силоҳ мувофиқат накардааст
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i122412-Ҷиҳоди_исломии_Фаластин_Муқовимат_бо_халъи_силоҳ_мувофиқат_накардааст
Порс Тудей - Муҳаммад Ал Ҳиндӣ, муовини дабири кулли Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин таъкид кард, гуруҳҳои муқовимат бо таҳвили силоҳ мувофиқат накардаанд ва таҳдид ба халъи силоҳ бо зӯрро намепазиранд.
(last modified 2025-10-15T08:25:45+00:00 )
Октябр 15, 2025 12:36 Asia/Dushanbe
  • Ҷиҳоди исломии Фаластин: Муқовимат бо халъи силоҳ мувофиқат накардааст

Порс Тудей - Муҳаммад Ал Ҳиндӣ, муовини дабири кулли Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин таъкид кард, гуруҳҳои муқовимат бо таҳвили силоҳ мувофиқат накардаанд ва таҳдид ба халъи силоҳ бо зӯрро намепазиранд.

Муҳаммад Ал Ҳиндӣ дар гуфтугу бо шабакаи Алҷазира гуфт: Ҳеҷ банди маҳрамонае дар тавофуқи оташбас вуҷӯд надорад ва овозаҳои ишғолгарон беаҳаммият аст. Вай афзуд, талошҳои режими ишғолгар барои сангандозӣ дар масири иҷрои тавофуқ дур аз интизор набуд. Ӯ тасреҳ кард, ки Бинямин Натаняҳу дар таҳаққуқи таваҳҳуми «пирӯзии мутлақ» шикаст хӯрд ва Ҷунбиши ҷиҳоди исломӣ вуҷӯди намояндае байналмилалӣ барои идораи Навори Ғаззаро намепазирад. Вай ҳамчунин гуфт, ҳеҷ неруи байналмилалӣ барои пайгирии иҷрои оташбас дар Навори Ғазза вуҷӯд надорад. /ИРНА