Маҳкумияти ҳамалоти режими саҳюнӣ ба Эрон дар нишасти Ғайримутааҳҳидҳо
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i122434-Маҳкумияти_ҳамалоти_режими_саҳюнӣ_ба_Эрон_дар_нишасти_Ғайримутааҳҳидҳо
Порс-Тудей. Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон панҷшанбешаб гуфт: Ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Эрон дар нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Ҷунбиши ғайримутааҳҳидҳо дар Кампала, пойтахти Уганда ба шадидтарин ваҷҳи мумкин маҳкум шуд.
(last modified 2025-10-17T04:53:53+00:00 )
Октябр 17, 2025 09:51 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти ҳамалоти режими саҳюнӣ ба Эрон дар нишасти Ғайримутааҳҳидҳо

Порс-Тудей. Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон панҷшанбешаб гуфт: Ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Эрон дар нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Ҷунбиши ғайримутааҳҳидҳо дар Кампала, пойтахти Уганда ба шадидтарин ваҷҳи мумкин маҳкум шуд.

Сайид Аббоси Ироқчӣ гуфт: Нуздаҳумин нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Ҷунбиши ғайримутааҳҳидҳо яке аз муваффақтарин нишастҳои ин ҷунбиш буд, ба лиҳози мавозеи бисёр муҳкаме, ки гирифта шуд.

Вазири хориҷаи Эрон бо ишора ба инки дар ин нишаст як баёния ва як санади ниҳоӣ бо беш аз ҳазору 500 банд содир шуд, изофа кард: Ҷунбиши ғайримутааҳҳидҳо дар ҳамаи масоили ҷаҳонӣ, аам аз сиёсӣ, ихтилофоту буҳронҳо, масоили иқтисодӣ ва тавсеаву иҷтимоӣ эъломи назар кардаву мавозеи худро, ки мавозеи кишварҳои ҷануб ва кишварҳои дар ҳоли тавсеа аст, баён мекунад.

Ироқчӣ гуфт: Яке аз муҳимтарин меҳварҳо, мухолифат бо якҷонибагароӣ ва тарвиҷи чандҷонибагароӣ ва лузуми ҳаллу фасли масоили байналмилалӣ аз тариқи дипломматия ва як дипломатияи чандҷониба буд. Вазири хориҷаи Эрон афзуд, дар ин нишаст ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Эрон дар шадидтарин ваҷҳи мумкин маҳкум шуд ва ин маҳкумият ҳам дар баёния ва ҳам дар санади муфассали ниҳоӣ дар ду параграфи ҷудогона омадааст ва ҳамчунин ҳамла ба таъсисоти ҳастаии Эрон маҳкум ва ҳимояту ҳамбастагии кишварҳои узв бо мардуми Эрон дар баробари ин таҳоҷумот эълом шудааст.