Афғонистон: Тавофуқ бо Покистон шомили оташбаси комил миёни ду кишвар аст
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i122474-Афғонистон_Тавофуқ_бо_Покистон_шомили_оташбаси_комил_миёни_ду_кишвар_аст
Порс Тудей - Ҳукумати Толибони Афғонистон ва Покистон пас аз чандрӯз музокира дар Давҳа, бо имзои тавофуқномае ҷомеъ ба даргириҳои марзии худ поён доданд ва бар ҳалли масоил аз тариқи дипломатӣ таъкид карданд.
(last modified 2025-10-19T06:10:07+00:00 )
Октябр 19, 2025 11:04 Asia/Dushanbe
  • Афғонистон: Тавофуқ бо Покистон шомили оташбаси комил миёни ду кишвар аст

Порс Тудей - Ҳукумати Толибони Афғонистон ва Покистон пас аз чандрӯз музокира дар Давҳа, бо имзои тавофуқномае ҷомеъ ба даргириҳои марзии худ поён доданд ва бар ҳалли масоил аз тариқи дипломатӣ таъкид карданд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангуи ҳукумати Толибони Афғонистон эълом кард, ки Кобул ва Исломобод бо имзои тавофуқномае бар оташбаси комил ва таваққуфи тамоми даргириҳо, риояти асли ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳалли тамомии масоили ихтилофӣ аз тариқи гуфтугу ва ҳимоят накардан аз гуруҳҳои мухолифи якдигар таъкид карданд.

Музокироти Афғонистону Покистон дар пайи ташдиди даргириҳои марзӣ дар имтидоди “хатти Дюранд” ва пас аз ҳамалоти ҳавоӣ анҷом шуд. Тарафайн аз нақши миёнҷигарии Қатару Туркия дар тасҳили ин тавофуқи таърихӣ, қадрдонӣ карданд. /ИСНА