Пайвастани Эрон ба Конвенсияи СММ алайҳи ҷиноятҳои киберӣ
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i122580-Пайвастани_Эрон_ба_Конвенсияи_СММ_алайҳи_ҷиноятҳои_киберӣ
Порс Тудей - Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳадафи тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар муқобила бо ҷиноятҳои киберӣ ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар ин замина мулҳақ шуд.
(last modified 2025-10-26T05:43:36+00:00 )
Октябр 26, 2025 10:42 Asia/Dushanbe
  • Пайвастани Эрон ба Конвенсияи СММ алайҳи ҷиноятҳои киберӣ

Порс Тудей - Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳадафи тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар муқобила бо ҷиноятҳои киберӣ ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар ин замина мулҳақ шуд.

Ваҳиди Ҷалолзода, муовини умури консулӣ, маҷлис ва эрониёни вазорати умури хориҷаи Эрон, дар сафар ба Ҳаной, пойтахти Ветнам ба намояндагӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, Конвенсияи Созмони милал барои муқобила бо ҷиноятҳои кибериро имзо кард.

Ба гуфтаи Ҷалолзода, Ҳаной шоҳиди иродаи ҷаҳонӣ дар баробари якҷонибагароӣ дар муқобила бо ҷиноятҳои киберӣ буд ва Эрон дар чаҳор соли гузашта нақше созанда дар тадвини ин конвенсия доштааст.

Вай бо ишора ба ҳузури наздик ба 60 кишвар ва дабири кулли Созмони милал дар маросими имзои Конвенсияи Созмони милал барои муқобила бо ҷиноятҳои киберӣ, ҳадафи ин Конвенсияро тақвияти ҳамкориҳои ҷаҳонӣ дар пешгирӣ, муқобила ва зарфиятсозии фаннӣ дар ҳавзаи ҷиноятҳои киберӣ унвон кард. /Тасним