Шабакаи покистонӣ: Тамоюл ба пайвастани Теҳрон ба Паймони дифоии Исломобод - Риёз
-
Шабакаи покистонӣ: Тамоюл ба пайвастани Теҳрон ба Паймони дифоии Исломобод - Риёз
Порс-Тудей. Як шабакаи покистонӣ рӯзи ҷумъа ба нақл аз Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон гуфт: Теҳрон барои пайвастан ба Паймони дифоии Исломобод ва Риёз тамоюл дорад.
Вебсайти шабакаи урдузабони “Ҷео Нюс” бо интишори бахшҳое аз мусоҳиба бо Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон гуфт, ки Теҳрон низ метавонад ба Паймони дифоии Исломобод - Риёз изофа шавад.
Қолибоф таъкид кардааст, ки кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ низ ҳамонанди НАТО бояд як артиши муштарак таъсис кунанд. Раиси қувваи қонунии Эрон дар бораи авзои Ғазза низ ҳушдор дод, ки эъзоми неру аз сӯи аъзои кишварҳои Созмони Ҳамкории Исломӣ ба Ғазза набояд мунҷар ба тақвияти тасаллути режими саҳюнистӣ шавад.
Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ҳамчунин таъкид кард, ки бинобарин ҳар кишваре, аз ҷумла Покистон агар неру ба Ғазза бифиристад, ҳадафи он фақат ва бояд ҳифозат аз фаластиниён ва кумак ба Ғазза бошад.