Сардор Ҳасанзода: Қудрати мушакии Эрон маҳор шуданӣ нест
-
Сардор Ҳасанзода: Қудрати мушакии Эрон маҳор шуданӣ нест
Порс-Тудей. Фармондеҳи Сипоҳи посдорони Теҳрони бузург душанбе эълом кард, ки душман тасаввур мекард дар дифои муқаддаси 12 рӯза метавонад ҳамаи мушакҳои эрониро дар мабдаъ бизанад, аммо бидонанд, ки қудрати мушакии Эрон маҳор шуданӣ нест.
Сардор Ҳасани Ҳасанзода дар дуюмин Конгресси илмӣ, фарҳангӣ ва ҳунарии донишманди шаҳид сарлашкар Ҳасани Теҳронимуқаддам, бо баёни инки яке аз вижагиҳое ки миллати Эронро ба муваффақиятҳои бузурге расонду имрӯз миллати моро ба ин дараҷа аз худбоварӣ расонда, умедвор будан ба оянда аст, гуфт: Фаҳми саҳеҳу дақиқ аз тадобири вилояту раҳбарӣ аз вижагиҳои дигари шаҳид Теҳронимуқаддам аст.
Фармондеҳи Сипоҳи Теҳрони бузург афзуд: Ҷанги 12 рӯза як пирӯзии тамомайёри иззатмандонаро насиби миллати мо, инқилоби исломӣ ва Ислом кард ва як шикасти мондагору талхро ба коми душманон, яъне истикбори ҷаҳонӣ, амрикоиҳову режими саҳюнистӣ нишон дод.
Сардор Ҳасанзода гуфт: Ҳақиқат ин аст, ки иродаи шаҳид Теҳронимуқаддам ва шуҷоати ӯ дар вуҷуди ҷавонони Эрон, ба вижа дар неруи ҳавофазо ҷилва кард ва ин ҳамон чизе аст, ки дар муҳосиботи душманони мо ҳечгоҳ қарор намегирад.