Эрон: Режими саҳюнистӣ дар анҷоми ҷиноятҳояш ҳеҷ ҳаду марзеро риоят намекунад
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i123054-Эрон_Режими_саҳюнистӣ_дар_анҷоми_ҷиноятҳояш_ҳеҷ_ҳаду_марзеро_риоят_намекунад
Порс Тудей - Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи якшанбе бо ишора ба ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ дар Лубнон таъкид кард, ки ин режим дар анҷоми ҷиноятҳои худ ҳеҷ ҳаду марзеро риоят намекунад ва ба ҳеҷ таъаҳҳуду қавонини байналмилалӣ пойбанд нест.
(last modified 2025-11-23T06:59:18+00:00 )
Ноябр 23, 2025 11:58 Asia/Dushanbe
  • Эрон: Режими саҳюнистӣ дар анҷоми ҷиноятҳояш ҳеҷ ҳаду марзеро риоят намекунад

Порс Тудей - Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи якшанбе бо ишора ба ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ дар Лубнон таъкид кард, ки ин режим дар анҷоми ҷиноятҳои худ ҳеҷ ҳаду марзеро риоят намекунад ва ба ҳеҷ таъаҳҳуду қавонини байналмилалӣ пойбанд нест.

Исмоили Бақоӣ дар ибтидои нишасти хабарии худ ба идомаи ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ дар Ғазза ишора кард ва гуфт: Дар пайи ин ҷиноятҳо фақат дар рӯзи шанбе, 24 инсони бегуноҳи фаластинӣ дар ин борика ба шаҳодат расиданд. Сухангуи вазорати умӯри хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин бо ишора ба ахбори мунташир шуда мабнӣ бар истифодаи режими саҳюнистӣ аз силоҳҳои мамнӯъа, аз ҷумлаи бомбҳои хӯшаӣ дар ҷануби Лубнон ва низ сирқати аъзои бадани усарои фаластинӣ тавассути ин режим афзуд, ин маворид нишон медиҳад, ки режими саҳюнистӣ дар анҷоми ҷиноятҳои худ ҳеҷ ҳаду марзеро риоят намекунад.