Зеленский: Украина барои муқовимат ба ҳимоят ниёз дорад
Ноябр 26, 2025 11:32 Asia/Dushanbe
Порс Тудей - Раисиҷумҳури Украина бо ишора ба тадовуми ҳамалоти Русия, ҳимоятҳои дифоӣ ва амниятӣ аз Киевро хостор шуд.
Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Украина бо ишора ба ҳамалоти мудовими Русия ба шаҳрҳо ва зерсохтҳои Украина аз шуракои байналмилалии Киев дархост кард, фаромӯш накунанд, ки ҷанг ҳануз идома дорад.
Дар ҳамин ҳол, Ursula von Der Leyen, раиси комиссиони Аврупо таъкид кард, ки амнияти Украина бо амнияти Аврупо пайванд хӯрда ва “эътилофи муштоқон” ба эъмоли фишор бар Русия идома хоҳад дод.
Раисиҷумҳури Украина ҳамчунин омодагии худро барои баррасии тарҳи сулҳи пешниҳодии Трампу ташкили як неруи итминонбахши чандмиллиятӣ бо ҳамкории муттаҳидон эълом кард. /ИРНА