Таҳлилгари саҳюнистӣ : Амрико нигарони монеъатарошии Исроил дар тавофуқи Ғазза аст
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i123478-Таҳлилгари_саҳюнистӣ_Амрико_нигарони_монеъатарошии_Исроил_дар_тавофуқи_Ғазза_аст
Порс тудей - Таҳлилгари низомии рӯзномаи исроилии “Гааретс “ гуфт, ки нигаронии мақомоти Амрико аз талошҳои эҳтимолии режими Исроил барои сангандозӣ дар иҷрои марҳилаҳои ояндаи тавофуқи марбут ба Ғазза афзоиш ёфтааст .
(last modified 2025-12-20T05:11:23+00:00 )
Декабр 20, 2025 10:07 Asia/Dushanbe
  •  Монеъатарошии режими Исроил дар тавофуқи Ғазза
    Монеъатарошии режими Исроил дар тавофуқи Ғазза

Порс тудей - Таҳлилгари низомии рӯзномаи исроилии “Гааретс “ гуфт, ки нигаронии мақомоти Амрико аз талошҳои эҳтимолии режими Исроил барои сангандозӣ дар иҷрои марҳилаҳои ояндаи тавофуқи марбут ба Ғазза афзоиш ёфтааст .

Ба гуфтаи  Амоси Ҳрйил-таҳлилгари низомии рӯзномаи исроилии Гааретс, маҳфилҳои амрикоӣ бими онро доранд, ки Исроил бо иқдомоти худ иҷрои комили тавофуқномаро бо мушкил мувоҷеҳ кунад.
Ин нигаронӣ дар ҳоле матраҳ мешавад, ки як манбаи огоҳи фаластинӣ аз идомаи музокироти оташбас хабар дода ва таъкид карда, ки Исроил бо тарҳи шартҳои нав саъй дар эҷоди монеъа дорад.
Бар асоси тарҳи пешниҳодӣ , оташбас дар ду марҳила иҷро хоҳад шуд : марҳилаи аввали 42 рӯзаи шомили табодули асирон , ақибнишинии маҳдуди низомиёни Исроил ва вуруди кумакҳои башардӯстона аст ва марҳилаи дувум ба хурӯҷи комил аз Ғазза ва оташбаси доим меанҷомад. Дар ҳамин ҳол манбаъҳои фаластинӣ ва мисрӣ аз пешрафти музокирот ва нармиши нисбии Натанёҳу хабар додаанд.