Посухи Каракас ба Трамп дар СММ
-
Самуэл Монкада, намояндаи доими Венесуэла дар СММ
Порс Тудей - Намояндаи Венесуэла дар Созмони милал бо маҳкӯм кардани иддаои Трамп мабнӣ бар моликияти Амрико бар хоку манобеи нафтии ин кишвар, ҳушдор дод, ки даврони истеъмори куҳан ба поён расидааст.
Нишаст Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо истеъмор ба саҳнаи ифшогарии сареҳ алайҳи сиёсатҳои Кохи Сафед табдил шуд. Самуэл Монкада, намояндаи доими Венесуэла дар Созмони милал дар ин нишаст изҳороти ахири раисиҷумҳури Амрикоро, ки хостори таслими фаврии манобеи нафтии Венесуэла шуда буд, тавҳине шанеъ ва нақзи тамомии ҳанҷорҳои тамаддуни башарӣ тавсиф кард. Монкада бо баёни инки Трамп қасд дорад, соъати таърихро ба ақиб баргардонаду Венесуэларо дубора ба як мустаъмира табдил кунад, гуфт: Дар баробари ин баёнияи ҳаюлогуна ҳеҷ абзори ҳуқуқӣ дар ҷаҳон наметавонад сукут кунад. Истеъмор як ҷинояти таҷовузкорона аст ва давлати Трамп дар ҳоли таҳмили ҳарҷу марҷ ва вайронӣ бар равобити байналмилал аст. /Хабаргузории Садо ва симо