Вилоятӣ: Муқобила бо Амрикову режими саҳюнистӣ бо қудрат идома меёбад
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i123948-Вилоятӣ_Муқобила_бо_Амрикову_режими_саҳюнистӣ_бо_қудрат_идома_меёбад
Порс-Тудей. Мушовири Раҳбари инқилоби исломӣ дар умури байналмилал бар идомаву ташдиди мубориза бо Амрико ва режими саҳюнистӣ таъкид кард.
(last modified 2026-01-23T12:13:48+00:00 )
Январ 23, 2026 17:12 Asia/Dushanbe
  • Алиакбари Вилоятӣ, мушовири Раҳбари инқилоби исломӣ
    Алиакбари Вилоятӣ, мушовири Раҳбари инқилоби исломӣ

Порс-Тудей. Мушовири Раҳбари инқилоби исломӣ дар умури байналмилал бар идомаву ташдиди мубориза бо Амрико ва режими саҳюнистӣ таъкид кард.

Алиакбари Вилоятӣ, мушовири Раҳбари инқилоби исломӣ дар умури байналмилал дар гуфтугӯи телефонӣ бо Нурӣ Моликӣ, аз шахсиятҳои барҷастаи ироқӣ, бо табрики пирӯзии миллати Ироқ дар интихоботи порлумонии ахири ин кишвар, дар бораи таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмилалӣ табодули назар кард.

Вилоятӣ бо ишора ба хунсо шудани тавтеаҳои ахири душманон зидди Эрон ва баёноти Раҳбари инқилоби исломӣ дар ин бора гуфт: Миллати Эрон бори дигар тавтеаҳои душманонро ноком гузошт, аммо ин поёни роҳ нест ва Амрико бояд посухгӯи иқдомоти худ бошад.

Мушовири Раҳбари инқилоби исломӣ дар умури байналмилал таъкид кард, ки ин ҳаводис фақат зидди Эрон набуда, балки кулли минтақаро ҳадаф қарор додааст ва ҷабҳаи муқовимат - шомили Эрон, Ироқ, Фаластин, Лубнону ва Яман бо инсиҷоми бештар дар баробари пружаҳои султаталабонаи Амрико ва режими саҳюнистӣ истодагӣ хоҳад кард.