Рӯҳонӣ: Эрон ба аҳди худ дар БАРҶОМ пойбанд аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i1-Рӯҳонӣ_Эрон_ба_аҳди_худ_дар_БАРҶОМ_пойбанд_аст
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, Эрон ба аҳди худ дар тавофуқи ҳастаӣ пойбанд аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 13, 2016 11:16 Asia/Dushanbe
  • حسن روحانی، ریئس جمهوری اسلامی ایران
    حسن روحانی، ریئس جمهوری اسلامی ایران

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, Эрон ба аҳди худ дар тавофуқи ҳастаӣ пойбанд аст.

Ба гузориши пойгоҳи итилоърасонии раёсати ҷумҳурии Эрон, Ҳасани Рӯҳонӣ имрӯз-чаҳоршанбе дар ҷаласаи ҳайати вазирони Эрон бо ишора ба солрӯзи тавофуқи ҳастаии Эрон бо гурӯҳи панҷ ба иловаи як афзуд: "Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак ба нафъи ҳамаи кишварҳо ва сулҳ, амният, субот ва тавсеаи ҷаҳонӣ аст ва нақзи он ба зарари ҳама хоҳад буд".

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо ибрози умедворӣ аз ин ки БАРҶОМ муҷиби тавсеаи дохилӣ , суботи минтақа ва сулҳу амнияти байналмилалӣ шавад, гуфт: "Зарурӣ аст, ҳама бар асоси манофеи миллӣ, ақлоният ва дар чорчӯби иҷро ва истеҳкоми БАРҶОМ ва баҳрабардории умумӣ аз он дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон талош кунанд".

Рӯҳонӣ бо баёни ин ки ҳар кас бихоҳад шуруъкунандаи нақзи БАРҶОМ бошад, бозандаи сиёсӣ дар саҳнаи байналмилалӣ аст, тасреҳ кард: "Ҷумҳурии исломии Эрон барои ҳамаи ҷаҳониён собит кард, аз лиҳози қудрати сиёсӣ ончунон тавонмандӣ дар масоили сиёсӣ, мантиқ ва мавзӯоти фаннӣ ва ҳуқуқӣ дорад, ки метавонад барои ҳалли мавзӯи печидаи байналмилалӣ бо қудратҳои бузург музокира ва аз ҳаққи миллати Эрон ба хубӣ дифоъ кунад".

Раиси ҷумҳурии Эрон бо ишора ба ин ки ба воситаи БАРҶОМ таҳримҳои таслиҳотии Эрон бардошта шуд ва Ҷумҳурии исломии Эрон қодир ба иртиқои қудрати дифоӣ ва низомии худ аст, гуфт: "Албатта имрӯз ҳам барои хариди бархе таслиҳот печу хамҳое вуҷуд дорад, ки бояд бартараф шавад".