Июл 29, 2016 21:00 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати Имом Ҷаъфари Содиқ таслият бод

Эрони исломӣ дар солрӯзи шаҳодати Имом Ҷаъфари Содиқ (а), имоми шашуми шиаён ва раиси мактаби ташайюъ азодор ва сиёҳпӯш аст.

Фардо шанбе, 30 июли соли 2016, мусоидиф бо 9 мурдоди соли 1395-и ҳиҷрии шамсӣ ва 25 шавволи соли 1437-и ҳиҷрии қамарӣ, солрӯзи шаҳодати Имом Ҷаъфари Содиқ (а), шашумин ахтари тобони имомат аст.

Дар шабу рӯзи солрӯзи шаҳодати Имом Ҷаъфари Содиқ (а) мардуми Эрон бо ҳузур дар амокини мазҳабӣ дар сӯги имоми шашуми шиаёни ҷаҳон азодорӣ мекунанд.

Ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Имом Ризо, имоми ҳаштуми шиаён дар шаҳри Машҳад, шимолу шарқи Эрон дар шабу рӯзи солрӯзи шаҳодати Имоми Ҷаъфари Содиқ сиёҳпӯш ва пур аз зоирон мешавад ва онон иродати худро ба хонадони аҳли байти исмат ва таҳорат иброз мекунанд.

Имом Ҷаъфари Содиқ (а) дар тӯли умри пурбори худ бо ташкили дарсҳо ва марҷаъ қарор додани худ барои посухгӯӣ ба ҳамаи пайравони Ислом тавонист иқтидори мактаби ташайюъро бо истидлол ва мантиқ бар ҳамаи пайравони Ислом исбот кунад.

Таъсири ин иқдом то он ҷо буд, ки афроде, чун имомон Шофеӣ, Молик ва Абӯҳанифа, аз бузургони аҳли суннат низ аз маҳзари Имом Ҷаъфари Содиқ касби илм кардаанд.

Садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон фаро рарсидани солрӯзи шаҳодати Имом Ҷаъфари Содиқ, имоми шашуми шиаёнро ба ҳамаи мусалмонон ва дигар озодихоҳони ҷаҳон таслият мегӯяд.

Барчасп