Март 24, 2023 16:32 Asia/Dushanbe
  • Тасовии дидори дӯстонаи тимҳои миллиии футболи Эрон ва Русия
    Тасовии дидори дӯстонаи тимҳои миллиии футболи Эрон ва Русия

Дидори дӯстонаи тимҳои миллии футболи Эрон ва Русия дар ниҳоят бо натиҷаи тасовӣ хотима паёдо кард.

Ба гузориши Садои Хуросон, тимҳои футболи Эрон  ва Русия дар дидори дӯстонаи рӯзи панҷшанбе соати 20:30 дар варзишгоҳи Озодӣ бо ҳузӯри ҳудуди 7 ҳазор тамошгар муқобили ҳам қарор гирифтанд. Ин мусобиқот бо натиҷаи  тасовӣ  як бар як хотима пайдо кард.

Тими миллии Эрон аввалин бозии соли худро бисёр ҳуҷумӣ ва  бо намоиши дилчасп пушти сар гузоштанд.  Шогирдони Амир Қалъанавӣ дар нимаи аввал, алирағми ин, ки комил савор ба бозӣ буданд аммо тайи як иттифоқ,  зарбаи панолати ба Русия эҳдо карданд то 45 дақиқаи авввалро бар хилофи раванди мусобиқа, бо шикаст ба рахткан бираванд.

Бо шурӯъи нимаи дуввум аммо, хиле зуд бо ҳаракати Муҳаммади Муҳибӣ як зарбюи панолати барои тими миллии ба даст омад ва Маҳди Торомӣ, натиҷаро ба тасовӣ кашонд, дар идома ва алалхусӯс дар интиҳои мусобиқа низ, боз ҳам шогирдони Қалъанавӣ ин фурсатро доштанд, ки ба голи бартаре даст пайдо кунанд, аммо ҳамагӣ аз даст рафт то исторти юзҳои эронӣ дар соли ҷадид бо мусовӣ ҳамроҳ бошад.