Март 28, 2023 10:38 Asia/Dushanbe
  • « Cуно » намояндаи Эрон дар ҷашнвораи байналмилалии филми занони Амрико

Филми кӯтоҳи « Cуно » ба унвони танҳо намояндаи Эрон дар ҳафтумин ҷашнвораи байналмилалии занони Амрико рақобат мекунад.

Филми кӯтоҳи « Суно » ба нависандагӣ ва коргардонии Заҳро Туркманлу ба унвони танҳо намояндаи Эрон дар ҳафтумин ҷашнвораи байналмилалии занони Амрико ( CASCADIA ) ба рақобат мепардозад .
Ба гузориши ИРНА, Суно дар идомаи ҳузури худ дар ҷашнвораҳои ҷаҳонӣ ба ҳафтумин ҷашнвораи байналмилалии филми занони Амрико роҳ ёфт.
Осори мунтахаб ба коргардонони зан аз саросари ҷаҳон дар ҷашнвораи байналмилалии филми занони Амрико аз таърихи 4 то 7 май 2023 дар маркази филм Pickford  дар Амрико экран хоҳад шуд .
Ин ҷашнвора яке аз андак ҷашнвораҳои Амрико аст, ки ба филмҳои занона ва садоҳову дидгоҳҳои занон ихтисос дорад .
Маҷмӯан 22 филми кӯтоҳи достонӣ, мустанаду анимейшен дар ҳафтумин давраи ин ҷашнвора пазируфта шудааст, ки дар ин миён филми кӯтоҳи « Суно » танҳо филми эронии ҳозир дар ин рӯйдоди ҳунарӣ аст .
Дигар осор аз Амрико, Канадааронса, Маҷористон, Англия,Тайван,Қирғизистон, Британия, Словения ва Мақдуния интихоб шудаанд.
 

 

Барчасп