Идомаи паёми табрики наврӯзии сарони кишварҳо ба Раисӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i100286-Идомаи_паёми_табрики_наврӯзии_сарони_кишварҳо_ба_Раисӣ
Сарони ҳафт кишвар дар паёмҳои ҷудогона фаро расидани Соли нави хуршедиро ба раиси ҷумҳӯрии Эрон табрик гуфтанд .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 29, 2023 17:38 Asia/Dushanbe
  • Идомаи паёми табрики наврӯзии сарони кишварҳо ба Раисӣ

Сарони ҳафт кишвар дар паёмҳои ҷудогона фаро расидани Соли нави хуршедиро ба раиси ҷумҳӯрии Эрон табрик гуфтанд .

Сарони кишварҳои Туркия, Тайланд,Қазоқистонин, Арманистон,Маҷористон ва Беларус дар паёмҳои табрики ҷудогона ба оятуллоҳ, доктор Сайидиброҳими Раисӣ зимни табрики фаро расидани Соли нави хуршедӣ, Наврӯзро мунодии эҳёу таҷдиди ҳаёти табиату хилқат, таҷассуми арзишҳои инсонӣ аз ҷумла сулҳу инсонгароӣ ва боиси тақвияти ҳусни ҳамҷаворӣ донистанд, ки нақши муҳимме дар наздик кардани мардумони кишварҳову тақвияту таҳкими равобит миёни давлатҳо дорад.
Пеш аз ин низ сарони кишварҳои Қирғизистон, Полша, Тоҷикистон, Узбекистон ва Русия дар паёмҳои табрики ҷудогона фаро расидани Наврӯзро ба раиси ҷумҳӯр ва мардуми Эрон табрик гуфта буданд .