Март 30, 2023 13:13 Asia/Dushanbe
  • Содирот аз тариқи гумруки Меҳрон
    Содирот аз тариқи гумруки Меҳрон

Мудири кулли гумрукоти устони Элом, дар ғарби Эрон маҷмуи содирот аз гумрукоти ин устон дар соли гузаштаи 1401 шамсиро беш аз се миллиону 259 ҳазор тон ба арзиши як миллиарду 609 миллион доллар эълом кард.

Руҳуллоҳ Ғуломӣ, мудири кулли гумруки устони Элом дар ғарби Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Форс” афзуд, тараддуди комюнҳои содиротӣ ба марзи Меҳрон дар ҷараён будаву содироти коло бидуни вақфаву мушкили хосе дар ҳоли анҷом аст.

Ғуломӣ афзуд, мизони транзити коло соли гузашта аз марзи байналмилалии Меҳрон 147 ҳазор тон буда, ки ин мизон рушди 50 дарсадиро нисбат ба муддати мушобеҳи соли моқабл нишон медиҳад.

Мудири кулли гумруки устони Элом афзуд, гумруки Меҳрон ҳамчунон бо ихтилоф дар садри 12 гумруки марзӣ бо Ироқ қарор дорад.

Шаҳри марзии Меҳрон дар ҷануби ғарби Элом бо доштани марзи байналмилалӣ, муҳимтарину аслитарин масири тараддуди мошинҳои шахсӣ, комюнҳои борбарии колоҳои содиротӣ ва мошинҳои ҳомили зоирони атаботи олиёти Ироқ аст.

 

Барчасп