Март 30, 2023 16:03 Asia/Dushanbe
  • Мақоми донишгоҳҳҳои Эрон
    Мақоми донишгоҳҳҳои Эрон

Дар охирин рутбабандии донишгоҳҳои ҷаҳон, донишгоҳҳои Эрон ҷойгоҳи дувуми кишварҳои ҷаҳони Исломро касб карданд.

63 донишгоҳи Эрон тавонистанд дар ҷадидтарин рутбабандии ISC (Муассисаи истинодӣ ва поиши илму фанноварии ҷаҳони Ислом) ҳузур дошта бошанд. Ҳамчунин Эрон тавонистааст байни кишварҳои исломӣ рутбаи дувумро касб кунад.

Барои рутбабандии донишгоҳҳои ҷаҳон дар меъёрҳои худ, муҳимтарин рисолати донишгоҳҳоро пажӯҳиш (бо вазни 60 дарсад), омӯзиш (бо вазни 10 дарсад), фаъолиятҳои байналмилалӣ (бо вазни 15 дарсад) ва фанновариву навоварӣ (бо вазни 15 дарсад) дар назар гирифтааст ва бар асоси он ба арзёбии донишгоҳҳо мепардозад. Дар равиши шиносии ин рутбабандӣ, донишгоҳҳое, ки ҳаддиақал 850 мадраки Web of Science-ро дар соли 2018 - 2020 мунташир кардаанд, лиҳоз мешавад.

Дар  рутбабандии ахири ин муассиса 347 донишгоҳ аз 28 кишвари исломӣ вуҷуд дорад, ки Туркия бо 90 донишгоҳ ва Эрон бо 63 донишгоҳ бештарин теъдодро ба худ ихтисос додаанд.

 

Барчасп