Март 31, 2023 16:43 Asia/Dushanbe
  • Носири Канъонии Чофӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон
    Носири Канъонии Чофӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо баёни ин ки ҷумҳурии исломӣ нисбат ба тавтеаҳои режими саҳюнистӣ зидди худ аз хоки ҷумҳурии Озарбойҷон бетафовут намемонад, тавзеҳи мақомоти ҷумҳурии Озарбойҷон дар бораи тавофуқ бо саҳюнистҳоро хостор шуд.

Носири Канъонии Чофӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон изҳороти вазири умури хориҷаи режими саҳюнистӣ дар хусуси тавофуқ бо Ҷайҳун Байрамов, вазири хориҷаи ҷумҳурии Озарбойҷон дар бораи “ташкили ҷабҳаи муттаҳид зидди Эрон” -ро санади дигаре аз ниёти шуми режими саҳюнистӣ ҷиҳати табдили хоки ҷумҳурии Озарбойҷон ба арсаи таҳдид зидди амнияти миллии Ҷумҳурии исломии Эрон донист ва онро қавийян маҳкум кард.

Канъонии Чофӣ изҳороти вазири умури хориҷаи режими саҳюнистӣ дар бораи ташкили ҷабҳаи муттаҳиди зиддиэронӣ ва низ изҳороти вазири умури хориҷаи ҷумҳурии Озарбойҷон перомуни муҳтавои гуфтугӯҳо ва "марҳилаи ҷадиди шарокати стратегӣ" байни ҷумҳурии Озарбойҷон ва режими саҳюнистиро таъйиди зимнии ҷиҳатгирии зиддиэронии ҳамкориҳои онҳо хонду тавзеҳи мақомоти озарӣ дар ин бораро хостор шуд.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо таъкид бар пайванди ногусастании таърихиву динӣ байни мардуми Эрону ҷумҳурии Озарбойҷон афзуд: Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамвора кӯшидааст то талоши бадхоҳон барои эҷоди фосила байни ду кишвари ҳамсояро ноком бигузорад ва аз давлати ҷумҳурии Озарбойҷон низ интизор меравад аз доме, ки душманони равобити ду кишвар паҳн кардаанд, дурӣ кунад.

Сухангӯи дастгоҳи дипломатии Эрон таъкид кард, Ҷумҳурии исломии Эрон наметавонад нисбат ба тавтеаи режими саҳюнистӣ зидди худ аз хоки ҷумҳурии Озарбойҷон бетафовут бимонад.

Ҳамзамон бо ифтитоҳи Сафорати ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тел-Авив Эли Коэна, вазири умури хориҷаи режими саҳюнистӣ дар изҳороте аз афзоиши ҳамкориҳои зиддиэронии Тел-Авив - Боку сухан гуфт.

Ҷумҳурии Озарбойҷон пас аз се даҳа равобит бо режими саҳюнистӣ, тасмим ба кушоиши сафорати худ дар Тел-Авив гирифт, иқдоме, ки хашми густардаи мардуму гуруҳҳои фаластиниро барангехт.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп