Боздид аз намоишгоҳи байналмилалии Қуръон дар Теҳрон ; то 15 апрел
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i100484-Боздид_аз_намоишгоҳи_байналмилалии_Қуръон_дар_Теҳрон_то_15_апрел
Сиюмин намоишгоҳи байналмилалии Қуръони Карим бо шиори " мехонамат " ки аз якуми апрел дар мусаллои Имом Хумайнӣ ( раҳ ) Теҳрон оғоз ба кор кардааст, то 15 апрел идома хоҳад ёфт .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 04, 2023 13:29 Asia/Dushanbe
  • Боздид аз ин намоишгоҳ то 15 апрел имконпазир аст
    Боздид аз ин намоишгоҳ то 15 апрел имконпазир аст

Сиюмин намоишгоҳи байналмилалии Қуръони Карим бо шиори " мехонамат " ки аз якуми апрел дар мусаллои Имом Хумайнӣ ( раҳ ) Теҳрон оғоз ба кор кардааст, то 15 апрел идома хоҳад ёфт .

Бахши байналмилалии сиюмин намоишгоҳи Қуръони Карим низ рӯзи душанбе бо ҳузури Муҳаммадмаҳдии Исмоъилӣ-вазири фарҳангу иршоди исломии Эрон, сафироне аз кишварҳои исломӣ ва меҳмонони хориҷӣ ифтитоҳ шуд.
Бархе маҷмӯъаҳои байналмилалии Ҷумҳурии исломии Эрон монанди ҷомеъаи Алмустафо, Маҷмаъи ҷаҳонии аҳли байт ( ъ ) ва Маҷмаъи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ дар намоишгоҳ ғурфа доранд ва ҳамчунин намояндагоне аз кишварҳои Русияинд,Покистон,Тунис,Босния,Алҷазоир, Индонезияммон, Шри-Ланка ва Нигерия низ дар намоишгоҳи имсол ҳузур доранд.