Кумаки Эрон ба кишварҳои дӯст дар заминаи тавонмандсозии падофанди ҳавоӣ
(last modified Wed, 05 Apr 2023 12:06:36 GMT )
Апрел 05, 2023 17:06 Asia/Dushanbe
  • Фанновариҳои дифоии Эрон
    Фанновариҳои дифоии Эрон

Муовини умури байналмилали Вазорати дифоъ ва пуштибонии Неруҳои мусаллаҳи Эрон гуфт, Ҷумҳурии исломии Эрон худро ба кумак кардан ба кишварҳои дӯсте монанди Сурия дар заминаи тавонмандсозии падофанди ҳавоӣ ва муқобила бо аҳдофи ҳавоӣ мулзам медонад.

Сардори сартип Сайид Ҳамзаи Қаландарӣ, муовини умури байналмилали Вазорати дифоъ ва пуштибонии Неруҳои мусаллаҳи Эрон дар бораи ҳамкории Эрону Сурия дар ҳавзаи иртиқову тақвияти падофанди ҳавоии ин кишвар гуфт, Сурия дар гузашта кишваре бедифоъ дар муқобили ҳамалоти ҳавоии режими саҳюнистӣ буд, аммо дар ҳоли ҳозир ҳаҷми зиёде аз ҳамалоти ҳавоӣ тавассути давлати Сурия дар ҳоли дафъ шудан аст.

Сардор Қаландарӣ бо баёни инки нигоҳи инсонии Ҷумҳурии исломии Эрон боиси рушди содироти таслеҳоти кишвар шудааст, гуфт: Эрон ба бисёре аз кишварҳои ҳамсояву дӯсти худ на танҳо аз назари таҷҳизоту таслеҳот, балки ба онҳо дар ҳавзаи фанноварии сохти таслеҳоти дифоӣ низ кумак кардааст.

Муовини умури байналмилали Вазорати дифоъ ва пуштибонии Неруҳои мусаллаҳи Эрон ҳамчунин бо ишора ба пешрафтҳои Эрон дар ҳавзаи тарроҳӣ ва сохти таслеҳоту таҷҳизоти дифоӣ афзуд, кишварҳои хориҷӣ баъд аз истифода аз таслеҳоти эронӣ таъаҷҷуб карданд, чӣ гуна кишваре ки солҳо мавриди таҳрим буда, ба ин ҳад аз пешрафт расидааст, ки таслеҳоти он дар сатҳи фанноварии ҷаҳонӣ қарор дорад.