Раҳбари инқилоб: Ғарбиҳо асосан душмани ҳуқуқи башар ҳастанд
(last modified Thu, 06 Apr 2023 05:50:16 GMT )
Апрел 06, 2023 10:50 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоб: Ғарбиҳо асосан душмани ҳуқуқи башар ҳастанд
    Раҳбари инқилоб: Ғарбиҳо асосан душмани ҳуқуқи башар ҳастанд

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо таъкид бар ин, ки иддаои ҳуқуқи башар ба ҳеҷ ваҷҳ ба ғарбиҳо намеояд. гуфтанд: Ғарбиҳо асосан душмани ҳуқуқи башар ҳастанд.

Дар шаби валодати бо саъодати карими аҳалубайт ҳазрати Имом Ҳасани Муҷтабо(а) ҷамъе аз устодони адабу забони порсӣ ва шоъирони ҷавон ва пешкисватон бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дидор карданд.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин дидор бо таъкид бар ин, ки иддаои ҳуқуқи башар ба ҳеҷ ваҷҳ ба ғарбиҳо намеояд, хотирнишон карданд: Ғарбиҳо асосан душмани ҳуқуқи башар ҳастанд ва ҳуқуқи башари онҳоро ҳама дар ДОИШ  ва зинда сузондан ё ғарқ карданди инсонҳо, ё дар ҳимоят аз мунофиқин ва Садом ё дар ҷиноёт алайҳи Ғазза ва Фаластин мушоҳида кардаанд.

Ишон ҳимояти Ғарб аз террор ва кӯштори ҷавонони муъмин дар хиёбонҳои Теҳронро мисдоқи дигари кизб будани иддаоҳои тарафдорӣ аз ҳуқуқи башар хонданд ва афзӯданд: Поктарин ҷавонони мо ҳамчун Ормон Аливардӣ ва Руҳуллоҳ Аҷамиён бо шиканҷа ва таҳрики омӯзиши расонаии ғарбиҳо кӯшта шуданд.

Ҳазҳрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар зарурати шинохти душман ва аҳдоф ва шеъваҳо ва нуқоти омоҷи он гуфтанд: Шинохти абъоди ҷанги нарми душман барои ҳамагон лозим, аммо барои фаъолони фарҳангӣ ва ҳунарӣ аз ҳама лозимтар аст то ҳам худашон мунфаъил шаванд ҳам дигаронро мутаваҷеҳи тохту този душман кунанд.

Ишон бо ибрози хурсанди аз вуҷӯди шоъирони пуршумори хуш қалб, муъмин ва инқилобӣ дар  кишвар гуфтанд: Руҳияи шоъир, эҳсосӣ ва отифӣ аст аммо дар мувоҷеҳ бо масоил набояд эҳсосоти амал кард балки бояд бо фикр ва шиносоии  дурӯрсти саҳна, таклифи худро бо истифода аз ҳунар адо кард.

Раҳбари инқилоб бо ишора ба ҳифзи сармоя ва гавҳари шеъри порсӣ ҳатто дар сахтарин шароити таърихии Эрон монанди давраи ҳамла ва тохут този муғулон, хотирнишон карданд: Албатта муғулҳои имрӯзи яъне ғарбиҳо, зоҳиру тохту този мутафовит доранд, ки илова бар таърихи сиёҳи ҷиноёти онҳо дар давраи истеъмор, дар давраи мо низ бо таҷҳизи саги ҳори мисли Садом ба анвоъи силоҳҳо ба вижа шимиёӣ барои ҳамла ба Эрон, ё пас аз он ба василаи таҳрим, машғули тохту тоз ҳастанд.

Ишон, таҳрими доруӣ ва мамониъати таҳавули ваксина  ба баҳонаи мухталифро намунаи дигар аз ҳуҷуми ғарбиҳо алайҳм Эрон баршумурданд ва гуфтанд: Онҳо агар метавонистанд коре кунанд, ки Эрони исломӣ ва мардуми онро аз маводи ғизлоӣ ҳам маҳрум кунанд, аз ин кор дареғ намекарданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, бахши дигаре аз ҳуҷуми  мутанавеъи бадхоҳон ба Эрон ҳуҷуми расонаӣ ва ситифодаи онҳо аз ҳазорон расона барои тарвиҷи дурӯғ, шойеъа ва инҳироф донистанд ва афзӯданд: Ҳадафи душман аз ин таҳоҷҷум, салби нуқоти қуввати фикрӣ ва маъорифӣ ва тазъифи руҳияи истиқлолу истиқомати миллӣ ва ваҳдату амали исломӣ аст.

Ишон тазъифи  тадаюни занро аз дигар нуқоти омоҷ алайҳи Эрон бар шумурданд ва бо ишра ба нақши муассир занон дар пирӯзии инқилоби исломӣ ва мароҳили пас аз он, хотирнишон карданд: Ғарбиҳо нисбат ба зани эронӣ ва риъояти ҳуқуқи он  тараҳум надоранд балки аз зани эронӣ кина  доранд ва ба дурӯғ худро тарафдори озодӣ ва ҳуқуқи зан муаррифӣ мекунанд.